Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро қабул кард, ки мувофиқи он, афсарони мустаъфии сохторҳои қудратӣ барои бозгашт ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ пайдо карданд.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров, ба афсарони соҳибкасбу ҳирфаӣ, ки қаблан бо сабабҳои гуногун ихтиёрӣ хизматро тарк кардаанд, чунин ҳуқуқ дода мешавад.
«Шахсоне, ки шаъну шарафи хизмати ҳарбиро бадному доғдор кардаанд ва бо сабабҳои манфӣ аз кор озод шудаанд, дигар дар хизмат барқарор намешаванд», - гуфт Умаров.
Парлумон имрӯз ҳамчунин Созишномаи моҳи сентябри соли 2015 дар Душанбе баимзорасидаро дар бораи ҳамкории кишварҳои узви СААД дар соҳаи ҳамлу нақли воҳидҳои ҳарбӣ ва дигар воҳидҳо, амволи манқул ва ғайриманқули онҳо, ҳамчунин маҳсулоти таъиноти низомӣ тасдиқ намуд.
Ба гуфтаи вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, дар партави бадшавии вазъи низомиву сиёсӣ дар аксари кишварҳои дунё, созишномаи мазкур барои Тоҷикистон муҳим аст. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мувофиқи бандҳои созишнома, посбонии роҳҳои оҳани кишварҳои узви СААД-ро Вазорати мудофиаи Русия ба уҳда мегирад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.