Шабакаи телевизиони давлатии иттилоотии “Ҷаҳоннамо” рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар бораи ҷаласаи ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон оид ба таъмини волияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави ВМКБ, ки санаи 16 октябр дар Хоруғ бо иштироки раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ВМКБ ва фаъолони вилоят доир гардид, гузориши муфассал намоиш дод.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Самумин Ятимов изҳор намуд, ки дар Хоруғ 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша “ҳукмронӣ” мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз роҳбарони онҳо ном набурд.

Бино ба гуфтаи ӯ, муддати як моҳ дар шаҳри Хоруғ 183 адад силоҳи оташфишон мусодира шудааст.

Раиси КДАМ таъкид дошт, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи Хоруғ ҳамагӣ 10-15% силоҳу муҳимоти дар даст доштаашонро супурданд.

“Кӣ дар куҷову чӣ гуна силоҳро нигаҳдорӣ мекунад, мо медонем, мо ҳатто дақиқ медонем, ки дар дасти ҷинояткорон чӣ миқдор аслиҳа ҳаст”, - қайд кард Ятимов.

Ӯ таъкид дошт, ки амалиёти мусодираи силоҳ дар қаламрави Хоруғро КДАМ раҳбарӣ карда, ин амалиёт ба аҳолии осоишта нигаронида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бори дигар аз ҳамаи аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша даъват кард, ки силоҳ ва муҳимоти ҷангиашонро ихтиёрӣ супоранд.

“Агар аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ихтиёрӣ супурда шаванд, амалиёт газаронида намешавад”, - афзуд роҳбари КДАМ.

Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар суханрониаш қайд кард, ки як қисмати муайяни аҳолии ВМКБ ба маблағи умумии 71 млн. сомонӣ қарзҳои бонкии батаъхирафтода ва пардохтнашуда доранд.

Масалан, изҳор дошт ӯ, наздикони хешовандони Толиб Айёмбеков назди бонкҳо ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Прокурори генералӣ зикр кард, ки агар ояндаи наздик қарзҳо ба бонкҳо баргардонида нашаванд, нисбати қарзгирифтагон парвандаҳои ҷиноӣ боз мешаванд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов номи саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Хоруғ – Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва Ёдгорро номбар намуда, изҳори умедворӣ кард, ки нерӯҳои солими вилоят атрофи ӯ муттаҳид мешаванд.

“Наздикону оилаи ман аз таъин шуданам ба мансаби раиси ВМКБ хурсандӣ накардаанд. Дӯстону ҳамкоронам бо ин таъинот табрик накарда, танҳо барори кор хостанд. Агар ман, каси дигар ё шахси сеюм барои ҷорӣ кардани тартибот дар вилоят талош наварзем, инро каси дигаре ба уҳда намегирад”, - изҳор дошт Ёдгор Файзов.

Ӯ аз пешвоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша даъват кард, ки силоҳро ихтиёрӣ супоранд, вагарна мухолифат бо ҳукумат ба фоидаи онҳо анҷом намеёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.