Шурӯъ аз моҳи октябри соли гузашта бо мусоидати ВКД Тоҷикистон беш аз 100 нафар сокинони бекори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо кор таъмин шуданд, хабар дод ба рӯзноманигорон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, як қисмати муайяни ҷавонони бекори минтақа ҳамчунин дар сохторҳои қудратии вилоят бо ҷойи кор таъмин шуда, бархеро ба кор кардан дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон даъват карданд.
“Ғайр аз ин, ВКД аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дархост намуд, ки дар бораи бо кор таъмин намудани ҷавонони вилоят ки дорои малакаҳои касбӣ дар бахшҳои гуногун мебошанд, дар хориҷи Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар Русия барномаи ҳадафнок таҳия намояд”, - қайд кард вазир.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки баъди аз охири моҳи сентябри соли гузашта дар ВМКБ ба фаъолият оғоз намудани ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини қонуният дар қаламрави вилоят, вазъ зери назорат гирифта шуда, сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ ба таври қобили мулоҳиза кам шуд ва волияти қонун пурра таъмин гардид.
“Имрӯз сокинони Хоруғ ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон барои дар як муддати кӯтоҳ ҷорӣ кардани тартиботи ҳуқуқӣ дар шаҳр миннатдорӣ изҳор менамоянд”, - изҳор дошт Рамазон Раҳимзода.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.