Созмони террористии "Давлати исломӣ” масъулияти ошӯби маҳбусон дар зиндони Ваҳдатро ба дӯш гирифт.
Дар ин бора сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”бо истинод ба пойгоҳиSITE Intelligence Group, ки фаъолияти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад ва хабаргузории Reuters бо такя ба рӯзномаи "Al-Nabaa” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ин нашрияи арабии марбут ба Давлати исломӣ тасдиқ кардааст, ки ошӯб дар зиндони Тоҷикистонро «аскарони хилофат» анҷом додаанд. Тафсилоти дигаре аз ҷониби ДОИШ дода нашудааст.
Зикр мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон билофосила дар ташкил ва роҳбарии ошӯби шаби 19 май дар маҳбаси Роҳатӣ маҳбусони тарафдори ДОИШ-ро айбдор карда буданд, вале ин созмони террористӣ то кунун дар ин маврид хомӯширо ихтиёр карда буд.
Дар ҷараёни ошӯби шаби 19 май ва саркӯби он 32 нафар – 3 зиндонбон ва 29 маҳбус, аз ҷумла писар ва ҷияни ба ном "вазири ҷанг”-и ДОИШ Гулмурод Ҳалимов кушта шуданд.
Давлати исломӣқаблан масъулияти ошӯби шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷандро, ки дастикам 25 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамчунин масъулияти куштори 4 сайёҳи хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараро низ ба дӯш гирифта буд.