Корманди милитсияи тоҷик рӯзи 22 июл ҳангоми муноқиша дар Ворух захми вазнин гирифта, ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дорад, лекин ӯро аз Ворух ба дигар ҷой бурдан имкон надорад: роҳ баста аст. Қирғизҳо роҳи Ворух - Исфараро баста, ҳатто мошини ёрии таъҷилиро ба гузаштан иҷоза намедиҳанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Исфара.

“Аз ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз доштани кормандамон огаҳӣ дорем ва ҳамаҷониба талош мекунем, ки ба ӯ кумак кунем”, - хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 23 июл дар Душанбе вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

Абдурасул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Суғд ҳангоми муноқишаи рӯзи 22 июл дар сарҳад бо Қирғизистон захмӣ шуда, дар Ворух ҷарроҳӣ шудааст, лекин ба ӯ ҷарроҳии мушкилтар зарур аст, ки гузаронидани он танҳо дар шаҳр имкон дорад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар беморхонаи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара хабар дод, ки рӯзи 22 июл чор нафар бо ҷароҳатҳо аз силоҳи оташфишон ҳангоми муноқиша дар сарҳад ба он ҷо оварда шудаанд.

“Чор нафар ҷарроҳӣ шуданд. Ба ду тан аз онҳо ҷарроҳии таъҷилӣ дар беморхонаи шаҳр зарур аст, лекин ҷониби Қирғизистон ҳатто ба гузаштани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ иҷоза намедиҳад, то ки онҳо ба беморхонаи шаҳр бурда шаванд”, - гуфт манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.