Дар Тоҷикистон коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.

Имрӯз, 30-юми апрел зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 дар ин хусус расман эълон шуд. Ҷаласа таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон ва раиси ин ситод Қоҳир Расулзода доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то рӯзи 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳолати тасдиқшудаи бемории сироятии Covid-19 ба қайд гирифта шудааст: 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар шаҳри Душанбе.

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, бо назардошти ин вазъ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намуд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамчунин оид ба ҳатмӣ будани истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ қарор қабул кард.
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (CОVID-19) барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1-уми феврал ба ҳолати субҳи 30-юми апрели соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 кас дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд. Рӯзи 29-уми апрел аз муассисаҳои тиббӣ 304 кас ҷавоб дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.