Миқдори маводи психотропии мусодирагардида, ки истеъмолгаронаш асосан ҷавонон мебошанд, дар Тоҷикистон зиёд мешавад.
“Сарфи назар аз камшавии маводи нашъаовар дар нимсолаи аввал дар умум, мусодираи маводи нашъаовари героин ва маводи синтетикии психотропӣ афзуд, ки ба солимии инсон бештар зарароваранд”, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода.
Бино ба маълумоти номбурда, дар ин давра 1649 ҳаб (таблетка) ва 14,545 кг маводи синтетикии психотропӣ мусодира гардидааст, ки 8,8 кг ё худ 2,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1 тоннаву 186 кг 434 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 126 килову 388 грамм ё худ ба андозаи 9,6% камтар аст.
“Истеъмолгарони асосии воситаҳои нашъаовари синтетикии психотропӣ ҷавонон мебошанд. Як ҳаби он аз 15 то 20 доллар нарх дорад. Ҷинояткорон ин маводро маъмулан дар муассисаҳои фароғатӣ мефурӯшанд. Агенти оқибатҳои ҷиддии ин тамоилро дарк карда, барои аз байн бурдани қочоқи ин навъи воситаҳои нашъаовар ҳамаҷониба талош меварзад”, - иброз дошт Салимзода.
Ба гуфтаи сардори Агентӣ, дар Тоҷикистон маводи синтетикии психотропӣ истеҳсол намешавад ва онро тариқи қочоқ аз кишварҳои Аврпуо, инчунин Афғогистону Эрон ба ҷумҳурӣ ворид мекунанд.
“Дар як амалиёт гурӯҳи ҷиноятпешае ошкор шуд, ки зиёда аз 5 ҳазор ҳабро дар автомашинаҳои барои фурӯш дар Тоҷикистон пешбинигардида аз Рига меовард”, - илова кард Шерхон Салимзода.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.