Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон, охири моҳи март - аввали моҳи апрел дар вилоятҳои Бодканд, Ош ва Ҷалолободи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамсарҳаданд, тамринҳои низомии густардаи Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон баргузор мешаванд.
ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба изҳороти расмии ҳукумат хабар медиҳанд, ки дар ҷараёни машқҳо “кори мақомоти ҳарбӣ, идоракунии давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар шароити вазъи ҳарбӣ ва фавқулода, амалан сафарбар кардани қисмҳои ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар шароити ташаннуҷи вазъ санҷида мешавад”.
Дар тамринҳо дар вилояти Ботканд, ки бевосита дар наздикии марз бо Тоҷикистон воқеъ аст, мақомоти идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, дастгоҳи намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд, маъмурияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрдории Ботканд, инчунин воҳидҳои минтақавии КҲФ, ВКД, КДАМ ва Вазорати тандурустӣ иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ба тамринҳо ҳудуди ду ҳазор нафар сафарбар шуда, даҳҳо адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла 100 адад автомашина, техникаи зиреҳпӯш ва махсус, то 20 адад низоми артиллерӣ ва то 10 адад техникиаи авиатсионӣ ба вилояти Ботканд интиқол дода шудаанд.
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд, ки онҳо дар бораи тамринҳои низомии Қирғизистон дар наздикии сарҳад огаҳӣ доранд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода изҳор намуд, ки мутобиқи созишномаҳои байнулмилалӣ, кишварҳои ҳамсоя уҳдадоранд, ки ҳамдигарро дар бораи чунин тамринҳои низомӣ огаҳ кунанд.
Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон, президенти Қирғизистон Содир Жапаров пеш аз оғози ин тамринҳо ният дорад, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф орад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.