Дар Тоҷикистон рӯзи 10 август тамрини низомии “Ҳамкории минтақавӣ-22” оғоз гардид. Он аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА дар Душанбе доир гардида, то 20 август идома меёбад. Иштирокчиёни тамринро сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм шодбош гуфт.
Дар тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ намояндагони ИМА, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
“Ҳамкории минтақавӣ як тамрини солонаест, ки ба таҳкими амалиёти бисёрмиллӣ барои таъмини субот, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкорӣ ва тавонмандиҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ, ИМА ва дигар кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шудааст.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ва Амрико ҳамчунин як ҷузъи дуҷонибаи панҷрӯзаи тамриноти саҳроиро дар маркази омӯзишии Фахробод баргузор мекунанд.
Дар хабари сафорат ҳамчунин зикр мешавад, ки ин машқҳо барои ҳамоҳангсозӣ, синхронизатсия ва вокуниш ба рӯйдодҳо дар муҳити ғайритаҳдид имконият фароҳам оварда, ба таҳкими амният ва суботи минтақавӣ; баланд бардоштани иқтидор ва ӯҳдадориҳои миллӣ барои боздоштани силоҳи қатли ом, унсурҳои террористӣ ва маводи мухаддир; мусоидат ба рушди қувваҳои мудофиавии минтақавӣ дар амалиёти байналмилалии посдори сулҳ ва табодули иттилоот нигаронида шудаанд.
“Ҳамчун бузургтарин тамрини низомии ИМА бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, “Ҳамкории минтақавӣ-22” имкони беназирро барои таҳкими муносибатҳо бо шарикони мо дар минтақа фароҳам меорад., - гуфт сафир Поммершайм. - Тамринҳои мазкур ҳамчун як форум барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла вокунишҳои осоишта ба чолишҳои глобалӣ, табодули иттилоот ва ҳамкориҳои амниятӣ хидмат мекунад”.
Зикр мегардад, ки қабл аз пандемияи COVID-19, силсилаи машқҳои Ҳамкории минтақавӣ аз соли 2004, ҳамасола дар яке аз кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида ҳам, баргузор мешуд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи август дар машқгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод-2022” тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз шуданд.