Борону барфи рӯзҳои ахир ба фаромадани тармаҳову сангреза дар роҳҳои манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ боис гардиданд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, тайи рӯзҳои охир ҳамагӣ 5 ҳолати фаромадани тарма ва 2 ҳолати сангреза ба қайд гирифта шуда, хушбахтона, бар асари онҳо касе осеб надидаву тахриби иншоот нест.

Гуфта мешавад, техникаи махсуси хадамоти истифодаи роҳи Вазорати нақлиёт барои тоза кардани роҳ аз оқибатҳои офати табиӣ сафарбар шудааст.

Дар куҷо тармаву сангреза фаромад?

17 феврал соати 19:05 дар километри 550-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ;

18 феврал соати 02:30 дар километри 31-32-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим, дар қаламрави мавзеи Баржири ноҳияи Ишкошим ду тарма фаромад;

18 феврал соати 08:00 дар километри 24-уми роҳи мошингарди таъиноти ҷумҳуриявии Хоруғ-Ишкошим байни деҳаҳои Пиш ва Нишус сангреза фаромад;

18 феврал дар роҳи Душанбе-Чанок 1 тармаи калон ва 5 тармаи хурд фаромад. Тармаи баландиаш 5 метр ва паҳноиаш 50 метр дар километри 158-уми роҳ ба қайд гирифта шуд. 5 автомашина зери тарма монданд. Кормандони IRS фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, мошинҳоро аз зери тарма берун оварданд. Талафоти ҷонӣ нест;

Сурат: IRS

19 феврал соати 06:30 дар километри 356-уми роҳи мошингарди байнулмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ низ сангреза фаромад;

19 феврал соати 08:06 дар километри 674-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма дар қаламрави деҳаи Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ ва дар километри 26-27-уми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим тармаҳо фаромаданд.

Кадом роҳҳо баставу кадомҳояшон кушодаанд?

Тавре ки аз КҲФ хабар доданд, бар асари фаромадани тарма субҳи имрӯз роҳи Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб айни замон баста буда, барои тозакунии он ва барқарор намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тадбирҳо андешида мешаванд.

Тибқи маълумоти ширкати IRS, пас аз бартараф намудани оқибатҳои офат ҳаракати ҳамаи навъҳои воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ барқарор шудааст.

Сурат: IRS

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 20 то 24 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии ВМКБ, минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ (хусусан километрҳои 45 то 82-юми шоҳроҳ) хавфи сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат тариқи роҳҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво, гузаронидани корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ҷойҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуши садамаи нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Ҳамчунин ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо аз эҳтимолияти шикастани дарахтон, кандашавии хатҳои интиқоли барқ ва афтодани яхпораҳо аз биноҳои баландошёна бо эҳтиёт бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.