Рӯзи 23-уми феврали соли 1993, дар майдони марказии Душанбе, аввалин паради ҳарбии Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол гузашт. Ин гузашт дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар шароити душвор анҷом ёфт.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан аз сифр сохта шуд ва шурӯъ аз ин рӯз дар Тоҷикистон Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил карда мешавад.
“Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, инчунин, набудани афсарону мутахассисони касбӣ, мо ба ташкили ҷузъу томҳо, қисму воҳидҳои алоҳида ва бо техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин кардани онҳо шурӯъ намудем. Борҳо гуфтаам ва ҳоло такроран хотирнишон месозам, ки дар кишвари тозаистиқлоли мо дар он рӯзҳо барои таъсис додани артиши касбӣ одитарин заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зимни суханронӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ.
“Азия-Плюс” кадрҳои нодири аввалин паради ҳарбӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро дарёфту ҷамъоварӣ кард ва онро пешниҳоди хонандагон мекунад.