Дар ин робита маъмурияти ширкат раддияро пешниҳод намуд, ки онро дар зер манзуратон мегардонем:

«Дар маводи «Азия-Плюс» аз 23 сентябр - «Гунаҳкории ширкати Ҳиндустон ба фурӯши доруҳои пастсифат» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти гумрук қайд мешавад, ки зимни санҷиш ошкор шудааст, ки дар паҳнкунии маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат намояндагони ширкатҳои «Курамакс ЛТД»-и Ҳиндустон дар ҶТ ва ҶДММ «Файзалӣ С» даст доштааст ва аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Дар асл бошад, ин ҷо сухан маҳз сари корманди ҳамин ширкат меравад, вале ӯ ҳамчун шахси мустақил амал кардааст ва аз ин рӯ, ширкати «Курамакс Лтд» ба фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат, ки дар хабар зикри он рафта буд, ҳеҷ муносибате надорад. Ҳамчунин маълумот доир ба нисбати ширкат боз шудани парванда ва аллакай ба прокуратураи шаҳр ирсол гардидани он низ нодуруст аст.

Тибқи маълумоти парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели мусодираи ин мавод, онҳо аз ҷониби шахси ҷудогона дар дохили Тоҷикистон ба ивази қарз аз шахсони дигар дастрас шудаанд ва ширкати «Курамакс Лтд» ба маводи аз тарафи Хадамоти гумрук мусодирашуда низ ҳеҷ муносибате надорад.

Қобили зикр аст, ки ширкати «Курамакс Лтд» муддати тӯлонӣ, давоми 13 сол фаъолият дошта, дар 25 кишвари хориҷӣ ва ИДМ филиалҳо дорад. Дар бозори Тоҷикистон ширкат муддати беш аз 10 сол муваффақона ва бенуқсу камбуд фаъолият дошта, соҳиби обрвӯу нуфуз шудааст.

Истеъмолгарон ҳамеша сифати хуби маводҳои доруворию молҳои тиббии ширкатро қайд мекунанд, ки бо сертификатҳои мутобиқат ва сифат тасдиқ шудааст. Ҳамаи маводу моли воридотӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор гирифта, мудом ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯянд, ки аз масъулияти баланди роҳбарони ширкат гувоҳӣ медиҳад.

Ширкати «Курамакс Лтд» дар Ҳиндустон озмоишгоҳи мустақили худро дорад, ки дар он мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ таъмин аст. Дар истеҳсолот ҳамеша аз болои сифати маҳсулот назорат бурда шуда, зимни истеҳсоли дастгоҳҳои нави тиббӣ мутахассисон малакаҳои технологии худро такмил медиҳанд.

Аз ин рӯ, ширкат дархост мекунад, ки маводи нашршуда нисбати ширкати «Курамакс Лтд»-и Ҳиндустон ғайривоқеъӣ дониста шавад».