Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон кардаст, ки дар он эҷодкорони тамоми сину сол метавонанд ширкат ва соҳиби мукофотпулӣ гарданд. Дар ин бора ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ додааст.
“Азия-Плюс” шарту шароти ширкат дар ин озмунро маълум кард.
Манбаъ гуфт, мақсади эълони ин озмун рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва пурра гардонидани репертуари театрҳои касбии мамлакат аст.
Аз вазорат гуфтанд, ки эҷодкорони тамоми синну сол ва касбу кори гуногун навобаста аз аъзои Иттифоқи нависандагон будан ё набудан метавонанд дар озмун иштирок кунанд.
Шартҳои ширкат дар озмун
Дар баробари ин, асарҳои онҳо бояд ба чанд шартҳо ҷавобгӯй бошанд:
- Асарҳо барои озмун дар се нусхаи чопӣ пешниҳод шаванд;
- Асарҳо бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дар замони истиқлолро фаро гиранд.
- Ҳамаи асарҳо бояд ба забони тоҷикӣ пешниҳод шаванд. Асарҳое, ки бо дигар забонҳо таълиф шудаанд, бояд тарҷумаи касбӣ дошта бошанд.
- Меъёри асосии қабули асарҳо арзиши бадеӣ-ғоявӣ ва ҷавобгӯй будан ба қонунии жанри драматургия мебошад. Ҳамчунин, агар драматург бо театрҳо ҳамкорӣ дошта бошад, ба инобат гирифта мешавад.
Гуфта мешавад, доварон тариқи раъйдиҳии пӯшида асарҳои беҳтаринро муайян мекунанд. Нависандагоне, ки асарҳояш ба озмун пешниҳод мешавад, ҳуқуқи доварӣ карданро надоранд.

Ҷоиза чанд пул аст?
Ба ғолибони озмун мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад:
- Ғолиби ҷойи якум – 10 000 сомонӣ;
- Ғолиби ҷойи дуюм – 8 000 сомонӣ;
- Ғолиби ҷойи сеюм – 6 000 сомонӣ;
- Се иштирокчии фаъол ба ҳар яке 3 ҳазор сомонӣ, дар умум 9 ҳазор сомонӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, асарҳои беҳтарини пешниҳодшуда дар шакли маҷмӯа интишор ёфта, ба ҳамаи театрҳои кишвар дастрас карда мешаванд.
Довталабон метавонанд ба раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг (суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34) муроҷиат кунанд ва ё тариқи рақамҳои 2210204, 2216536, 221-39-80 тамос гиранд.
Бояд гуфт, ки надоштан ва ё набудани тамошобин дар теартҳои Тоҷикистон мушкили чандинсола аст, ки ҳамаша нигаронии аҳли эҷодро ба миён меорад. Коргардонҳо, ҳунармандон ва мунаққидони театру синамо яке аз мушкилиҳоро дар ин сатм заиф будани драматургия медонанд.
Аз ҷумла, Ҷумъа, Қуддус яке аз камтарин драматургҳои кишвар дар як мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” гуфта буд, “бархе коргардонҳо ҳоло худашон асар навишта дар театрҳо мемонанд ва дар он миён бо вуҷуди драмаҳои хуб, бадаш бисёр аст...”
Ӯ барои рушди драматургия пешниҳод карда буд, ки “...хуб мешавад оҳиста-оҳиста дар мактабҳо театр ташкил кунему ба бачаҳои шавқманд ин соҳаро аз хурдиашон омӯзонем”.
Дар Тоҷикистон дарозтарин пули машингузар дар Осиёи Марказӣ сохта мешавад
Оғози моҳи Рамазон расман эълон шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев охири моҳи март дар Хуҷанд вомехӯрад
Нигаронии вазири маориф аз кори кӯдакистонҳо дар Душанбе
Дипломатҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон: ”Ҳалли масъалаи Украина бе худи Украина ва Аврупо ғайриимкон аст”
Ронандаву мусофиронро аз зери тарма наҷот додаанд. Роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст
Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Онҳо чӣ гуфтанд?
Амфетамин: Маводи нашъаовари синтетикӣ боз як таҳдид ба ҷавонони Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 феврали соли 2025
Интихоботи парлумонӣ-2025. Муҳимтарин нукоте, ки интихобкунанда бояд донад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста