ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 ФЕВРАЛ

Соли 1932 – Иҷлосияи якуми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 1947 – Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки баъдан, соли 1971 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов шуд, таъсис ёфтааст.

Соли 2015 – Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру илова ворид гардид, ки тибқи он ҳамасола 14-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад.

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди “Боғи 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Ҳисор оғози расмӣ бахшид.

Соли 2016 – Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Амир Ҳушанг Ибтиҳоҷ (Соя), шоир ва пажӯҳишгари эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маъруфият дорад.

Ҳушанг Ибтиҳоҷ

Ҳушанг Ибтиҳоҷ шоири барҷаста ва пажӯҳишгари адабӣ, бунёдгузори Анҷумани адибони Эрон дар нахустин дафтари шеъри худ - «Нахустин нағмаҳо»  бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдии худ- «Сароб» тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст ва ин китоб аз ҳайси қолабҳои шеърӣ ва аз ҳам аз диди навоварию баёни дарёфтҳо ва таҷоруби шахсӣ ва завқӣ чашмгир аст.

Соя дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дошт. Ӯ дар байни шоирону нависандагони Тоҷикистон низ  аз эҳтироми зиёд бархурдор буд ва чанд шоири саршиноси кишвар, ба мисли Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор дар солҳои гуногун барои ӯ шеърҳо бахшидаанд.

"Лаби хомӯш" шеъри маъруфест аз Соя, ки мардуми Тоҷикистон онро бо садои ҳунармандони маҳбуб Аҳмад Зоҳир ва Зафар Нозим шунидаанду хоҳанд шунид.

Соя 10 августи соли 2022 дар синни 94-солагӣ дар Олмон аз олам даргузашт.

Соли 1955 –80-солагии Шамсиддин Насриддинов, рӯзноманигор ва шореҳи варзиш.

Шамсиддин Насриддин

Шамсиддин Насриддинов, ки аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст, фаъолияти касбии худро соли 1972 пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе оғоз намуда, дар рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи кишвар ва хориҷ аз он фаъолият кардааст.

Ӯ солҳо дар нашрияҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони советӣ”, “Ҷумҳурият”, “Азия-Плюс” ва дигар расонаҳо фаъолият карда, бо навиштаҳои таҳлилӣ, очеркҳо ва мусоҳибаҳояш шинохта шудааст. Шамсиддин Насриддинов солҳои 2004-2008 дар рӯзномаи “Азия-Плюс” кор кардааст. Соли 2008 ҳамчун шореҳи варзишь дар Бозиҳои олимпии Пекин ширкат варзида буд.

Соли 1958 – Мавлуди Маҳмадсафар Муродов, овозхон ва фалаксарои тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Муҳаммадсафар Муродов

Маҳмадсафар Муродов яке аз фалаксароёни тоҷик буда, қариб бист навъи онро иҷро мекард. Ӯ ҳангоми хониш бештар дутору найро ба кор мебурд ва як силсила таронаҳо, аз ҷумла “Меҳру вафо”, “Дардманди ишқ”, “Ба сайри гул наомад”, “Фарзанди замин”, “Даргоҳи умед”, “Дилрабо”-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.

Вай солҳои 1977-1979 роҳбари бадеии Хонаи маданияти деҳаи Меҳнатобод, солҳои 1979-1992 овозхони ансамбли тарона ва рақси “Чашма”-и ноҳияи Восеъ ва аз соли 2012 то охири умр коргардони ансамбли этнографии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд.

Маҳмадсафар Муродов 1 ноябри соли 2024 дар синни 66-солагӣ дар ноҳияи Восеъ даргузашт.

Соли 1985 – Зиёдулло Шаҳидӣ, ҳунарпеша ва оҳангсози маъруфи тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.


Зиёдулло Шаҳидӣ барои ташаккули санъати мусиқии касбии тоҷик саҳми арзанда дорад. Асарҳои эҷоднамудаи ин поягузори мусиқии касбии тоҷик на танҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар бисёр кишварҳои олам мақоми махсус дорад. Шаҳидӣ муаллифи беш аз 225 асари мусиқӣ буда, ҳар яки онҳо дар санъати мусиқии тоҷик ҷойгаҳи худро дорад.

Шаҳидӣ бо осори классикон, аз қабили Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Хайём ва Бедил, аз дурдонаҳои беназири “Шашмақом” огаҳии хос дошт ва албатта ин ганҷинаи бебаҳои ниёгони миллати мо ба эҷодиёти пурғановати ӯ таъсири амиқ расонидааст.

Имсол Зиёдулло Шаҳидӣ 110-сола шуд. Матлаби “Азия Плюс”-ро бахшида ба ёдбуди ин ҳунарпешаи тоҷик бо номи Баъди мурдан шӯълаи овози ман хомӯш нест... Ёде аз Зиёдулло Шаҳидӣ, ки 110 сола шуд мутолиа кунед.

Соли 1952 – Зодрӯзи Исматулло Ибодов, журналист ва муассиси рӯзномаи “Боҷу хироҷ” нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 25 феврали соли 1956 Анҷумани XX Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид, ки дар он Никита Хрушёв “Дар бораи шахспарастӣ ва пайомадҳои он” гузориши худро ироа карда, Сталинро танқид ва дар бораи корҳои ӯ далелҳо пешниҳод кард.


Маърӯза махфӣ буд. Аммо аллакай дар аввали моҳи март брошюрае бо муҳри “барои нашр нест” ба тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ фиристода шуд. Ҳамин тариқ, “пӯшидагӣ”-и маърӯза танҳо шартан буд, гарчанде ки он расман танҳо дар соли 1989 нашр гардид. Маърӯза таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кард ва ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, ҳатто дар доираҳои ғайрикоммунистӣ низ паҳн гардиданд.

25 феврали соли 1836 Сэмюэл Колт, ихтироъкор ва соҳибкори амрикоӣ барои револвери такрорзанандаи худкор дар Иёлоти Муттаҳида аввалин патенти худро гирифт. Ин силоҳ револвери 6-ҳуҷрадори калибри 36 буд, ки механизми гардиши автоматии барабанро ҳангоми кашидани гаштак истифода мебурд.


Даҳ рӯз пас аз гирифтани патент, Колт ширкати “Patent Arms Manufacturing Company”-ро дар шаҳри Патерсони иёлати Ню Ҷерсӣ таъсис дод. Аввалин модели револвери ӯ, ки бо номи “Colt Paterson” машҳур шуд, ба хотири макони истеҳсолаш чунин ном гирифт.

Ин силоҳ дар ибтидо маъмул набуд, аммо баъдан ҳангоми истифодаи он дар ҷангҳои Техас бар зидди Мексика (1836–1848) маҳбубияти зиёд пайдо кард. Аз ҳамин сабаб, баъдтар онро ҳамчун “Colt Texas” низ мешинохтанд. Бо такмили тарҳи револвер ва қарордод бо артиши ИМА, Кольт ширкаташро рушд дод ва силоҳҳои ӯ асоси револверҳои муосир гардиданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф  меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6º сард то 1+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.