Амфетаминҳо чӣ хатаре доранд ва чӣ гуна волидайн метавонанд дарк кунанд, ки фарзандашон бо маводи нашъаовар рӯ ба рӯ шудааст? Ба ин саволҳо ба «Азия-Плюс» муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» Шероз Мирзоев ва сардори шуъбаи пешгирии нашъамандии ҳамин муассиса – Таҳмина Исматова посух доданд.

Аммо пеш аз ҳама шарҳ медиҳем, ки чаро мо тасмим гирифтем ин мавзуъро баррасӣ кунем?

Гап сари он аст, ки чанде пеш директориАгентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад изҳор дошт, ки дар байни ҷавонони Тоҷикистон маҳз амфетаминҳо маъмултарин маводи нашъаовар мебошанд. Ӯ таъкид дошт, ки дар соли 2024 сарфи назар аз коҳиши умумии ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда, миқдори маводи психотропӣ қариб ду баробар ва маводи мухаддири синтетикӣ зиёда аз се баробар афзуд!

Ӯ гуфт, аксари ин ва дигар намудҳои маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шуда, бештар байни ҷавонон паҳн мегарданд.

Ба аломатҳо диққат диҳед

- Аломатҳои истеъмоли амфетаминҳо чӣ гунаанд?

- Умуман, моддаҳои психоактивӣ маводе мебошанд, ки ба низоми марказии асаби инсон таъсир мерасонанд ва рафтору эҳсоси қабули олами атрофро тағйир медиҳанд.

Шахс бениҳоят фаъол мешавад, наметавонад дар ҷояш нишинад, зуд ва зиёд ва аксар вақт бесарусомон ҳарф мезанад. Ҳолати рӯҳияаш зуд тағйир меёбад – аввал рӯҳбаландӣ (эйфория), баъдан асабоният.

Омилҳое, ки хавфи вобастагӣ ба маводи нашъаоварро зиёд мекунанд, дастрасии осон ба маводи манъшуда, кунҷковӣ ва хоҳиши таҷрибаи эҳсосоти нав, таъсири дӯстон ва муҳит, инчунин норасоии назорати оила ва ҷомеа мебошанд.

Баъзан синнусол низ аҳаммият дорад. Ҳарчанд истеъмоли маводи психоактивӣ дар ҳама гуна синнусол метавонад ба нашъамандӣ оварда расонад, таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки ҳар қадар шахс барвақттар ба истеъмоли ин моддаҳо оғоз кунад, ҳамон қадар эҳтимоли афзоиши шадиди вобастагӣ зиёдтар мешавад.

Олимон бар ин назаранд, ки дар 40-60% ҳолатҳо муҳити номусоид омили хатари рушди нашъамандӣ мебошад.

Сурат аз сомонаи kp.ru

- Чӣ гуна волидайн метавонанд дарк кунанд, ки фарзандашон маводи психоактивӣ истеъмол мекунад?

- Волидайн бояд ба тағйироти ногаҳонӣ дар рафтори фарзандашон диққат диҳанд. Агар ӯ хеле фаъол шуда, пайваста гап занад, эҳсоси хушбахтӣ ва нерӯ дошта бошад, корҳои манъ дар ҷомеаро нодида гирад, эҳсоси қобилиятҳои ҷисмонии ғайривоқеӣ дошта бошад, қариб нахобад, аммо хастагиро ҳис накунад, пас ин аломати нигаронкунанда аст.

Ҳамчунин, дар чунин ҳолатҳо мебояд эҳтиёткор буд: агар мардумаки чашмони фарзандатон васеъ шуда бошанд, ҳарорати баданаш баланд, набзаш тез, фишори хунаш баланд ва гирифтори дарди сар, бетоқатӣ ва бехобӣ бошад, агар лабҳояшро зуд-зуд лесад (аз сабаби хушкшавии даҳон), вазнаш ногаҳон кам шуда ё аз хӯрокхӯрӣ даст кашида бошад.

Баъд аз муддате, мумкин аст хастагии шадид, асабоният, шубҳанокӣ, хашм, дарди шикам ва дилбеҳузурӣ пайдо шавад. Ранги рӯяш парида, дар рӯяш доғҳо намоён гардад.

Пас аз истеъмоли “воя (доза)-и навбатӣ, кӯдак ногаҳон беҳолу хаста ва камгап мешавад. Агар чунин ҳолатҳо такрор шаванд, бояд фавран ба мутахассисон муроҷиат кард.

Маводи психотропӣ инчунин дар дорухонаҳо фурӯхта мешаванд, аммо онҳоро танҳо духтур тибқи протоколҳои клиникӣ таъйин мекунад ва онҳо қатъиян бо дорухатҳои махсус дода мешаванд.
Акси марбута аз торнамои bsut.by

Метавонанд то марг оварда расонанд

- Амфетаминҳо дар Тоҷикистон дар кадом шакл фурӯхта мешаванд?

- Аксар вақт дар шакли хокаи сафед, ҳаб (таблетка) ва кристалл. Ҳабҳо метавонанд мисли доруҳои маъмулӣ ё нӯшокиҳои энергетикӣ бошанд. Кристаллҳо ба шишаҳои шикаста шабоҳат доранд ва ин шакли бештар тозашудаи (консентратсияшудаи) маводи нашъаовар мебошад.

- Онҳо чӣ гуна хатарҳо доранд?

- Онҳо рӯҳу организмро хароб мекунанд, вобастагӣ ба вуҷуд меоранд, низоми асабро хаста месозанд, боиси бехобӣ, хашмгинӣ ва ваҳмнокӣ (паника) мешаванд. Дил ва рагҳои хунгард зери фишори шадид қарор гирифта, эҳтимоли сактаи дил, инсулт ва ноустувории фишори хун зиёд мешавад.

Истеъмоли тӯлонӣ ба харобии рӯҳу асабоният, ваҳмнокӣ, гум кардани хотира ва ҷунун (паранойя) боис мегардад. Шахс ба мавод сахт вобаста шуда, ба рӯҳафтодагӣ дучор мешавад, ки ин ҳолат боиси аз даст рафтани ангеза ва ташаббус мегардад. Дар ниҳоят, шахс худро комилан хаста ва нотавон эҳсос мекунад.

Илова бар ин, маводи нашъаовар дар кӯчаҳо дорои омехтаҳои зиёди зараровар, аз ҷумла моддаҳои заҳролуд мебошад, ки хавфи истеъмоли аз ҳад зиёд (передозировка), кашишҳои беихтиёр (припадок), баландшавии шадиди ҳарорати бадан, сактаи мағзӣ ва дилро зиёд мекунад, ки метавонад бо марг анҷом ёбад.

Волидайнро лозим аст, ки ҳушёр бошанд, нишонаҳои аввалини нашъамандиро нодида нагиранд ва саривақт ба мутахассисон – равонпизишкон ва табибони бемориҳои нашъамандӣ муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.