Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафорати Украина дар Тоҷикистон ба муносибати сеюмин солгарди ҳамлаи густардаи низомии Русия ба Украина (24 феврали соли 2022) як изҳороти муштарак нашр карданд. Ба ин ҳуҷҷат, ки дар ихтиёри хабаргузории “Азия-Плюс” қарор дорад, инчунин сафоратҳои Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҳамроҳ шудаанд (сафорати ИМА онро имзо накардааст).

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ асоси бунёдии тартиботи байналмилалӣ мебошанд.

“Ҳамлаи Русия поймолсозии дағалонаи ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳдиди мустақим ба сулҳ ва амният берун аз марзҳои Аврупо ва таҳдиди ҷиддӣ ба суботи иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ мебошад”, – омадааст дар изҳорот.

Сарфи назар аз фишори Русия, “Украина ҳанӯз истодагарӣ мекунад ва муқовимат нишон медиҳад”. Бо нигоҳ доштани қисме аз вилояти Курски Русия, Украина тавонист “пешравиҳои ахири Русияро ба таври назаррас суст кунад”.

“Ҳатто таҳти ҳамлаҳои доимии паҳподҳо ва мушакҳо, украиниҳо устувор боқӣ мемонанд ва ба бозсозӣ, ислоҳот ва сармоягузорӣ ба ояндаи худ идома медиҳанд. Ҳеҷ кас беш аз Украина сулҳро намехоҳад. Ҳалли масъалаи Украина бе худи Украина ва Аврупо ғайриимкон аст. Танҳо сулҳи фарогир, одилона ва пойдор барои Украина метавонад асоси барқарорсозии амнияти байналмилалӣ гардад, ки барои амнияти трансатлантикӣ низ зарур аст.

Украинаи орому босубот метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун муҳаррики инноватсионӣ, таъминкунандаи амният ва шарики боэътимод дар соҳаи амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ бошад”, – таъкид мекунанд муаллифони изҳорот ва илова мекунанд, ки “ба Украина бояд кафолатҳои боэътимоди амниятӣ дода шавад”.

Дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе рӯзи 24 феврал бахшида ба солгарди ҳамлаи Русия ба Украина чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими кишвар, диаспораи украиниҳо ва шарикони байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Ду қатъномаи мухталифи СММ

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои амнияти СММ рӯзи 24 феврал матни қатъномаеро, ки аз ҷониби ИМА пешниҳод шуда буд, тасдиқ кард. Ба иттилои ВВС, ин қатънома тағйироти мавқеи Вашингтонро нисбат ба ҷанги Русия алайҳи Украина инъикос карда, дар он ҳеҷ гуна маҳкум кардани таҷовузи Русия вуҷуд надорад, балки танҳо даъват ба сулҳ аст.

Барои матни қатъномаи «Роҳи сулҳ» (The Path to Peace) иборат аз се сархат, дар баробари ИМА боз 8 узви Шӯрои амният, аз ҷумла Русия ва Чин, овоз доданд. Панҷ кишвар, аз ҷумла Фаронса ва Британияи Кабир, худдорӣ карданд.

Deutsche Welle менависад, ки ин аввалин бор аз оғози ҷанг дар Украина аст, ки Шӯрои амнияти СММ дар бораи он қатънома қабул мекунад.

Қаблан дар ҳамин рӯз, Маҷмаи умумии СММ ду қатъномаи мухталифро қабул кард, ки баҳогузориашон ба ҷанги Русия алайҳи Украина фарқ мекард.

Ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ, 24 феврали соли 2025
Сурат: Charly Triballeau/AFP/Getty Images

Ҳуҷҷати аввалро Украина ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳия карданд. Дар он аз Русия талаб карда мешавад, ки фавран нерӯҳои худро аз қаламрави ғасбкардаи Украина хориҷ кунад ва амалиёти низомиро қатъ намояд. Ин матлаб ба қарорҳои қаблии СММ мутобиқ аст. Онро 93 давлат дастгирӣ намуда, 65 кишвар худдорӣ варзиданд ва 18 кишвар, аз ҷумла Русия ва ИМА, муқобили он раъй доданд.

Қатъномаи дуюмро ИМА таҳия намуд. Дар он таҷовузи низомии Русия маҳкум нашуда, ҷанг ҳамчун «низоъ» ном бурда шудааст. Ҳамчунин, дар санад бобати қаламравҳои ишғолкардаи Русия, поймолкунии ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷониби Русия ва зарурати барқарорсозии тамомияти арзии Украина ҳеҷ ишорае нест.

Бо ташаббуси кишварҳои аврупоӣ ба лоиҳаи қатънома тағйирот ворид карда шуд, ки баъд аз он дар санад зикри тамомияти арзии Украина ва расидан ба «сулҳи одилона» ворид гардид. Ин ҳуҷҷатро 93 кишвар дастгирӣ карда, 72 давлат, аз ҷумла ИМА ва Украина, худдорӣ намуданд. Русия алайҳи он овоз дод.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 24 феврал Иттиҳоди Аврупо бастаи 16-уми таҳримҳоро алайҳи 48 шахси воқеӣ ва 35 шахси ҳуқуқии Русия, ки масъули «таҳдид ба соҳибихтиёрии Украина» мебошанд, тасдиқ кард. Австралия низ бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро, ки аз оғози ҷанг бузургтарин ба шумор меравад, ҷорӣ намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.