Субҳи имрӯз, 25-уми феврал дар пайи фуромадани тарма дар роҳи Душанбе –Чаноқ як мошин зери он монда, дертар мусофирони он аз ҷониби кормандони IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъовари имаблағ аз ин роҳ аст, наҷот дода шудаанд.
Ин ширкат бо нашри хабарнома гуфтааст, ки ронанда ва мусофирони мошини сабукрав дар километри 78-уми роҳ зери тарма монда буданд. Паҳноии ин тарма 60 метр ва баландиаш қариб 8 метр будааст. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, «давоми 2 соат ин тарма пурра бартараф карда мешавад».
IRS гуфтааст, танҳо субҳи имрӯз дар ин 14 тарма фаромада, то ҳол ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, тарма дар километрҳои 67, 78, 73 ва 79 – уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаромада, то ҳол тармаҳои дар километрҳои 67 ва 78 –уми ин шоҳроҳ фаромада аз ҷониби кормандони ширкат бартаф карда шудааст.
“Мутаассифона, чанд дақиқа пеш дар километри ва 73 ва 79 - ум тармаҳои навбатӣ фаромаданд. Ҳоло бартарафсозии ин тармаҳо босуръат идома дорад”,-навиштааст ширкати IRS.
Ин ширкат гуфт, ҳоло бартарафсозии тармаҳо идома дорад.
Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе Чаноқ ягона масир аст, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад. Ин роҳи куҳӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма он соатҳо ва ҳатто рузҳо баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани тарма боиси марги ронандаҳо ва мусофирон мешавад. Масъули нигоҳубини ин роҳ ширкати “IRS” буда, бар ивази нигоҳубини роҳ аз ҳар як мошин маблағи муайян меситонад.
Ёдовар мешавем, дирӯз, 24-уми феврал Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар дод, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми феврал дар Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ шуда, бо сабаби номусоидии ҳаво дар минтақаҳои кӯҳи кишвар эҳтимоли фаромадани тарма, яхбандӣ, обхезӣ, фаромадани туман дар назар аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз сафарҳои дур ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ карда, дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.
КҲФ гуфтааст, ки дар сурати пайдо шудани ҳолатҳои хатарнок, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 112 ё (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 ба кормандони ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев охири моҳи март дар Хуҷанд вомехӯрад
Вазорати фарҳанг барои драманависон озмун эълон кард. Шарту шароит ва маблағи ҷоизаро маълум кардем
Нигаронии вазири маориф аз кори кӯдакистонҳо дар Душанбе
Дипломатҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон: ”Ҳалли масъалаи Украина бе худи Украина ва Аврупо ғайриимкон аст”
Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Онҳо чӣ гуфтанд?
Амфетамин: Маводи нашъаовари синтетикӣ боз як таҳдид ба ҷавонони Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 феврали соли 2025
Интихоботи парлумонӣ-2025. Муҳимтарин нукоте, ки интихобкунанда бояд донад
Зеленский гуфт, омодааст истеъфо диҳад, “агар ин барои Украина сулҳ орад”
Қирғизистон мехоҳад дар ду гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон ҳамлу нақли мошинҳои боркашро назорат кунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста