Амир Ҳушанг Ибтиҳоҷ, шоири барҷаста ва пажӯҳишгари адабӣ, бунёдгузори Анҷумани адибони Эрон, ки бо тахаллуси Соя эҷод мекард ва дар Тоҷикистон низ ҳаводори зиёд дошт, бар асари беморие, ки дошт, имрӯз, 10 август дар Олмон аз олам даргузашт. Дар ин бора “БиБисии форсӣ” бо такя ба Ялдо Ибтиҳоҷ, духтари шоир хабар додааст.

Ялдо дар робита ба марги падараш дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” навиштааст, ки “Сояи мо бо ҳафт ҳазор солагон сар ба сар шуд”

Ҳушанг Ибтиҳоҷ дар соли 1928 дар шаҳристони Рашти Эрон чашм ба ҷаҳон кушод ва пас аз он, ки таҳсилоти худро дар он шаҳр ба поён расонид, ҳамроҳи хонаводааш вориди Теҳрон шуд. Баъди инқилоби исломӣ аввал ҳабс шуд ва баъдан, Эронро тарк кард.

Шоир ва пажӯҳишгари эронӣ нахустин асараш ба номи “Нахустин нағмаҳо” – ро дар соли 1946 ба табъ расонд. Ӯро ҳамчунин, аз нахустин пайравони ашъори Нимоӣ медонанд.

Дар нахустин дафтари шеъри худ - «Нахустин нағмаҳо» Соя бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдии худ- «Сароб» тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст ва ин китоб аз ҳайси қолабҳои шеърӣ ва аз ҳам аз диди навоварию баёни дарёфтҳо ва таҷоруби шахсӣ ва завқӣ чашмгир аст.

Расонаҳои Эрон, дар соли 2019 хабар дода буданд, ки мумкин аст, шеърҳои Ҳушанг Ибтиҳоҷ, шоири маъруфе, ки баъди инқилоби исломии соли 1979 зиндонӣ шуд, аз китобҳои дарсӣ бардошта шаванд.

Соя дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дошт ва хабари марги ӯ бархе аз чеҳраҳои фарҳангу адаби кишварро ғамгин кардааст.

Аз ҷумла, нависандаи забардасти тоҷик, Абдулҳамид Самад ӯро устод унвон карда, дар робита ба даргузашташ, навиштааст: “Устод Соя аз насли адибони номвари олами форс буд. Ёдаш гиромӣ бод…”.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар байни шоирону нависандагони Тоҷикистоне низ Соя аз эҳтироми зиёд бархурдор буд ва чанд шоири саршиноси кишвар, ба мисли Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор дар солҳои гуногун барои ӯ шеърҳо бахшидаанд.

Гулрухсор, шоири саршиноси кишвар дар робита ба хабари даргузашти Соя сахт андӯҳгин шуда, чанд шеъри худро, ки соли 2016 ба ӯ бахшида буд, дар саҳифааш коридааст, ки яке аз онҳо чунин аст:

Шеър шери бешаи андешаи бехоби шоирҳост.

Шеър беморист! Бемории зист!..

Офтоб ҳарчанд андар соя ранги заъфарон дорад,

Меҳри Соя арғавонӣ,       

Шеъри Соя офтобист!...

“Алвидоъ шоири бузург, алвидоъ шоири шеърҳои офтобӣ! Рӯҳат шод, манзили охиратат обод бод!”, - гуфтаааст Гулрухсор.

Ҳамчунин, Марямбонуи Фарғонӣ, шоир ва нависандаи дигари тоҷик, даргузашти Сояро барои адабиёти ҷаҳоншумули форсу тоҷик талафоти басе назаррас унвон кардааст.

Маҷмӯи осри ӯ аз «Нахустин нағмаҳо», «Сароб», «Сиёҳмашқ», «Шабгир», «Замин», «Чанд барг аз ялдо», «Сиёҳмашқи 1, 2, 3», «Ойина дар ойина», «Ёдгори сарви хун» ва «Девони ашъор» иборат мебошад.

"Лаби хомӯш" шеъри маъруфест аз Соя, ки мардуми Тоҷикистон онро бо садои ҳунармандони маҳбуб Аҳмад Зоҳир ва Зафар Нозим шунидаанду хоҳанд шунид:

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,

Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.

Ин дурр ҳамеша дар садафи рӯзгор нест,

Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ.

Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,

Эй моҳ, бо ки даст дар оғӯш мекунӣ.

Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст

Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ.

Май ҷӯш мезанад ба дили хум, биё, бубин,

Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.

Гар гӯш мекунӣ, сухане хуш бигӯямат

Беҳтар зи гаҳваре, ки ту дар гӯш мекунӣ.

Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,

Ҳурмат нигоҳ дор, агар нӯш мекунӣ.

Соя чу шамъ шуъла дарафкандаӣ ба ҷамъ,

З-ин достон, ки бо лаби хомӯш мекунӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.