Фурӯши билетҳои хатсайри ҳавоии Душанбе - Тошканд, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад, аллакай оғоз гардид.

Тавре аз ширкати «Сомон Эйр» дар ин робита иттилоъ доданд, билетҳоро танҳо дар сурати доштани раводид ба Ӯзбекистон метавон дастрас намуд. Арзиши билетҳо аз Душанбе ба Тошканд аз 177 евро сар мешавад.

Барои расидагии бештар ба ин масъала ба фурӯшгоҳи билетҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» занг зада, воқиф гардидем, ки билет ба самти Тошкандро танҳо бо раводид гирифтан имкон дорад.

Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ нархи билети хатсайри Душанбе - Тошканд 177 евро нишон дода шудааст, ки тибқи қурби ҳозира 1 ҳазору 503 сомониро ташкил медиҳад. Дар фурӯшгоҳҳо низ ин нархро тасдиқ карданд.


Нархи билет аз Душанбе ба Тошканд 202-222 евро зикр шудааст. Худи ширкати авопаймо нархоро ба е гунае шарҳ намедиҳад.


Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълон кард, ки рӯзи 10 феврал бо иштироки ҳайати сохтори авиатсионии ҷумҳурӣ ба пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд парвози озмоишӣ анҷом доданист.

Роҳандозии парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд аз 20 феврал дар назар аст.

Вақти эҳтимолии парвоз аз Душанбе - соати 10-00 ва аз Тошканд соати 12-00 пешбинӣ мешавад. Вақти парвоз 45 дақиқа аст.