Намояндаи ҳукумати Маскав барои шарҳи масоили авфи муҳоҷирон дар бозору шабакаҳои иҷтимоӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон машваратҳо медиҳад.

Раиси Комиссия оид ба сиёсати муҳоҷират ва мутобиқшавии муҳоҷирони Шӯрои умури миллии назди ҳукумати Маскав Александр Калинин дар сафҳаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба саволҳои шаҳрвандони Тоҷикистон посух мегӯяд. Ӯ ҳамчунин дар бозорҳои Маскав низ ба корҳои шарҳу тавзеҳи ин масъала машғул аст.

Машваратҳои тариқи навори видеоро Калинин дар сафҳаҳои худ дар YoutubeFacebookОдноклассники ва дар сомонаи шахсиаш - http://www.kalinin.ms/ ҷой додааст.