Боришоти шадид дар Тоҷикистон боз ду рӯзи дигар идома ёфта, гармшавии обуҳаво охири ҳафта дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар аксари ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ ду рӯзи наздик боришоти зиёд пешбинӣ шуда, рӯзҳои 5-6 апрел боришот кӯтоҳмуддат мешавад ва охири ҳафта боришот қариб пурра хотима меёбад.

Рӯзҳои боронӣ поинравии ҳарорат дар назар буда, дар вилояти Суғд ҳаво 9-14 дараҷа гарм, вилояти Суғд: 5-10 дараҷа гарм, ноҳияҳои тобеи марказ: 9-14 дараҷа гарм ва минтақаи кӯҳистон: 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳарорат дар шарқи ВМКБ шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, ба ҷуз ноҳияҳои ВМКБ, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст.

Бинобар сабаби боришоти зиёд дар минтақаи кӯҳистон хатари селфароӣ вуҷуд дошта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ, аз ҷумла дар ғарби ВМКБ ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Ҳамчунин тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар дарёҳои Яхсу, Қизилсӯ, Оби Хингови Ҷанубӣ ва Варзоб болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.