Аз 26 май то 2 июн дар Бангкок (Таиланд) Мусобиқаи ҷаҳонии олимпӣ оид ба бокс доир мегардад, ки мусобиқаи охирини дарёфти роҳхтаҳо ба Олимпиадаи Париж буда, дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарони зерин иборат аст: Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Фотима Бегмуродова (54 кг), Нилуфар Бобоёрова (63 кг), Шоира Зулқайнарова (66 кг), Меҳрон Шафиев (51 кг), Асрор Воҳидов (57 кг), Шамшер Саидов (71 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг).
Ба ҳайати ситоди мураббиёни даста Алӣ Бобоҷонов, Рустам Музаффаров ва Муҳаммадҷон Ташахунов шомил шудаанд.
Айни замон дар ҳайати тими Тоҷикистон се нафар ба Олимпиада роҳхат гирифтаанд: Миҷгона Самадова (57 кг), Давлат Болтаев (92 кг) ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг).
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Федератсияи боси Тоҷикистон, чанде пеш дар Остона Чемпионати Осиё байни варзишгарони синни то 22-сола доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст овард.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз 22 варзишгар иборат буд. Ин мусобиқа барои онҳо марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс мебошад, ки баргузориаш моҳҳои октябр-ноябр дар Хорватия ба нақша гирифта шудааст.