Аз 13 то 16 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи байнулмилалии «INFOMATRIXASIA-2017» оид ба технологияҳои иттилоотӣ доир гардид.

Дар ин Олимпиада беш аз 400 нафар толибилмон аз 13 кишвари Осиё ширкат варзида, Тоҷикистонро 40 нафар хонандагони наврас намояндагӣ карданд.

Тавре роҳбари ҳайати Тоҷикистон, намояндаи муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва дастгирии истеъдодҳо» Манучеҳр Ҳабибзода хабар дод, олимпиада дар сатҳи баланд баргузор шудааст.

«Толибилмони мо дар Олимпиада 2 медали тилло, 8 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст оварданд ва лоиҳаҳои хонандагони Мактаби байнулмилалии президентӣ Исмоил Ҳалимзод ва Хоҷимурод Ҳоҷимурод беҳтарин эътироф гардида, онҳо ғолиб дониста шуданд», - иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ҷоизадорони дигари Тоҷикистон дар ин Олимпиада хонандагони литсейҳо барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва ҳамчунин мактаби байнулмилалии пойтахт мебошанд.

Қобили зикр аст, ки тлибилмони тоҷик аз оғози сол дар Олимпидаҳои байнулмилалӣ ба дарёфти 45 медал ноил гардидаанд.