Блогернавси шинохта ва сайёҳи амрикоӣ, ки ба зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон сафар кардааст, барои як гӯшаи газетаи маъруфи Huffington Post маводе таҳия намуд. Дар ин мавод ӯ 4 сабаберо номбар кардааст, ки аз рӯи он боздид аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистонро  барои сайёҳони амрикоӣ зарур медонад.


Сабаби аввал ва аслӣ -  мардуми хайрхоҳ ва самимӣ; сабаби дуюм - табиати ҷаззобу афсункор, ки дасти одамон ба он нарасидааст; сабаби сеюм - нархҳои дастрас ва сабаби чорум - таърихи Роҳи Абрешим.