Як гурӯҳи ташаббускор ба хотири ёдбуди тифли 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров, ки моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербург ҳалок шуда буд, маҷмӯаи «Сурудҳои алла барои Умаралӣ»-ро бо забони русӣ ва тоҷикӣ чоп кард. Қисмате аз нусхаҳои китоб тариқи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҷумҳурӣ фиристода шуд.

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи ташббускори нащри китобча Олга Кушлина, теъдоди нашри маҷмӯа начандон зиёд, ҳамагӣ 500 нусха буда, қисмати зиёдашро аллакай худи русиягиҳо харидорӣ кардаанд.

«Нусхаҳои ҷудогона ҳамчунин ба кишварҳои гуногуни Аврупо, ки дар онҳо одамон ба тақдири тифли тоҷик бетараф нестанд, фиристода шуд. Акнун китобча то Душанбе ҳам расид, онро миёни ҳамаи хоҳишмандон паҳн кунед», - навишт Олга ба «Азия-Плюс» ва дархост кард, ки дар мавриди фурӯши маҷмӯа як аксия ташкил карда, пулҳои аз он бадастомадаро ба Заррина Юнусова, модари Умаралӣ диҳем.

Ҳамчунин ӯ таъкид дошт, ки китобчаро метавон дар Душанбе ҳам такроран ба нашр расонид. «Агар дар Душанбе сарпарастон пайдо шаванд ё кадом як матбаа хоҳиши чопи онро дошта бошад, мо ба пешниҳоди тарҳ (макет)-и тайёри маҷмӯа омодаем. Бо истифода аз ин китобча натанҳо азёд кардани шеърҳо, балки омӯзиши забони русӣ ё баракс забони тоҷикӣ низ имкон дорад», - қайд кард Кушлина.

Идораи «Азия-Плюс» шумораи маҳдуди «Сурудҳои алла барои Умаралӣ»-ро дар ихтиёр дорад. Хоҳишмандоне, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ доранд, метавонанд бо телефонҳои 2217220 ва 446007110 ё тариқи  почтаи электронӣ : [email protected]   муроҷиат кунанд.

Мо тасмим гирифтем, ки ба маҷмӯа нархи мушаххас нагузорем, ҳар яке бо нархи таъинкардаи худ онро харида метавонад.