Барномаи «Вести»-и шабакаи телевизионии Россия сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюкро дар сафи кушташудагони украинӣ зимни амали террористӣ дар меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул номбар кард. Дар ин ҳодиса ҳафт нафар украиниҳо ҳалок шуданд.
Тавре дар сомонаи барномаи Вести хабар дода мешавад, рӯзи 20 январ ифротгароён меҳмонхонаи Intercontinental-ро тасарруф намуда, дар натиҷа 43 нафар қурбон ва 126 нафар, аз ҷумла 41 нафар шаҳрвандони хориҷӣ наҷот дода шуданд.
«Миёни ҳалокшудагон ҳафт нафар украиниҳо бо шумули сафири Украина дар Афғонистон ва Тоҷикистон Виктор Никитюк ҳузур доранд», - хабар дода буд нашрия ба маводи ҳамсон ба маълумот доир ба боз як амали террористӣ дар Ҷалолобод, ки бар асари таркиш дар автомашинаи созмони ҳомии ҳуқуқи «Кӯдаконро наҷот медиҳем» (Save the children) 11 нафар осеб диданд.
Дар ҳамин ҳол, сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюк зиндаву комилан солим буда, дар Душанбе қарор дорад.
«Ман алҳол ҳатто хабарҳо дар бораи маро гӯронидан нахондаам», - гуфт Никитюк дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ва илова намуд, ки замони амали террористӣ дар Кобул ӯ дар Душанбе қарор дошт.
Бино ба маълумоти дипломат, дар он амали террористӣ дарвоқеъ ҳам 7 шаҳрванди Украина ҳалок шудаанд, ки дар ширкати ҳавопаймоии Афғонистон кор мекарданд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи Intercontinental дар пойтахти Афғонистон 18 нафар, аз ҷумла, 14 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қурбон шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.