Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ боз шуд. Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш гардида, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ин кишвар, сарулибоси миллӣ, асарҳои рассомон ва таъомҳои миллии арабӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

1/17

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардида, чорабинии мазкур то 8 май идома меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.