ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 ДЕКАБР

Соли 1993 – Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.

Соли 1994 – Дар Ҷамъияти саҳҳомии “Бодом” (дар Конибодом) нахустин велосипеди истеҳсоли Тоҷикистон истеҳсол шуд. Ин ҷамъият соли 1939 таъсис ёфтааст.

Соли 2001 – Дар Тоҷикистон сафоратхонаи Британияи Кабир ифтитоҳ гардид.

Соли 2002 – Вазорати адлияи ҶТ ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ шаҳодатнома дод.

Соли 2006 – Қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи садамаи Нерӯгоҳи Барқии Чернобил зарар дидаанд, қабул шуд

Соли 2013 – Дар Душанбе Маркази миллии тестӣ кушода шуд. Аз он вақт инҷониб тартиби қабул ба коллеҷу донишгоҳу донишкадаҳо тариқи ин марказ сурат мегирад.

Бинои Маркази миллии тестӣ

Соли 2018 – Ӯзбекистон шартномаи шарикии стратегӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Соли 2022 – Дар шаҳри Душанбе ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2023 – Тоҷикистон ва фонди ОПЕК барои маблағгузории 18 миллион доллар барои ду лоиҳа созишнома имзо карданд.

Имрӯз, дар аксари кишварҳои собиқи Шӯравӣ ҳамчун рӯи кормандони мақоқмоти амнияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915 – Зодрӯзи Назаршо Додхудоев, арбоби давлатӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ

Ӯ солҳои гуногун ба ҳайси раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Тақдири ин мард бо тақдири Тоҷикистон сахт пайванд буд. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии “Норак”, корхонаи алюминии Регар ва корхонаи кимиёвии Ёвон ба нақша гирифта шуда, бунёдашон аз ҳисоби буҷаи умумииттифоқӣ оғоз ёфт.

Назаршо Додхудоев
Акс аз "Азия-Плюс"

Дар ин давра таҳкурсии корхонаи маъдани Анзоб гузошта шуд ва бинои боҳашамати Қасри Арбобро дар вилояти Суғд сохтанд. Ӯ то охири умр дар меъмори давлати тоҷикон талош кард ва 30-юми июни соли 2000 дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1915 – Мавлуди Ғулом Алиев, олими соҳаи байторӣ, арбоби давлатӣ, академики АМИТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон

Соли 1924 – Зодрӯзи Саъдинисо Ҳакимова, доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи Тоҷикистон, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак

Соли 1925 – Мавлуди Ҳамид Мансуров, олими соҳаи тиб, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи улуми ҶТ, академик

Соли 1933 – Мавлуди Бобо Насриддинов, нависанда

Бобо Насриддинов яке аз нависандагони забардаст буда, “Чароғҳои пули сангин”, “Дар зери осмони кабуд”, “Ҷуфти ситора”, “Акси садо”, “Ман фарзанди туам” аз асарҳои маъруфтарини ӯ маҳсуб меёбанд. Ӯ дар жанрҳои ҳикоя, очерк, қисса, повест асарҳо офарида, дар навиштаҳояш барои тасвири ҳақиқати зиндагии мардум талош кардааст. Бобо Насриддинов дар драматургия ва тарҷумонӣ низ хома озмудааст.

Бобо Насриддин
Акс аз сомонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Соли 1945 – Мавлуди Сафармуҳаммад Айюбӣ, шоир ва драманависи тоҷик

Сафармуҳаммад Айюбӣ асосан бо эҷоди асарҳои саҳнавӣ дар адабиёти тоҷик номи худро сабт кардааст. Ӯ муаллифи беш аз 200 асари саҳнавӣ буда, беш аз 40 адади онҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он саҳнагузорӣ карда шудаанд. Инчунин аз рӯйи драмаи “Алии сонӣ”-и ӯ филми телевизионӣ иборат аз чаҳор қисм пешкаши бинандагон шуда, аз рӯи филмномаҳояш зиёда аз даҳ филми телевизионии дигар таҳия шудаанд.

Сафармуҳаммад Аюбӣ
Акс аз apkcombo.com

Сафармуҳаммад Айёбӣ 22-юми феврали соли 2011 аз олам даргузашт.

Соли 1946 – Зодрӯзи Амиршо Миралиев, арбоби маъруфи давлатии Тоҷикистон

Амиршо Миралиев яке аз сиёсатмадорони барҷастаи тоҷик буда, солҳои зиёд дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият бурдааст, аз ҷумла солҳо роҳбари дастгоҳи Президенти Тоҷикистон, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон буд. Ӯ соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси олӣ буд ва соли 2015 ба далели бознишастагӣ ба вакилӣ пешниҳод нагардид. Ӯ 6 декабри соли 2023 дар яке аз бемористонҳои Истанбули Туркия баъди ҷарроҳии бемории сутунмуҳра аз олам даргузашт.

Амиршо Миралиев
Акс аз "Азия-Плюс"

Оид ба шахсият ва фаъолияти сиёсии Амиршо Миралиев дар маводи “Чеҳраи калидӣ дар ҳукумат ва яке аз ҳамроҳони содиқи Эмомалӣ Раҳмон. Амиршо Миралиев кӣ буд? маълумот бигиред.

Соли 1958 – Зодрӯзи Лутфулло Давлатов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Лутфулло Давлатзода ҳунарпешаи театр ва синамо буда, бо офаридани нақшҳои ҷолиб дар саҳнаи ҳунарӣ тоҷик мавқеи махсус касб кардааст. Ӯ муддате директори Театри давлатӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд. Давлатзода дар аксари филмҳои маъмули кишвар, чун “Гирдоб”, “Дар орзуи падар”, “Пой дар гил”, “Беҳуда хорам мекунӣ” нақш офаридааст. Дар театр бошад, дар намоишномаҳои “Вопасин арӯси Амиралмӯъминин”, “Эдип”, “Фарёди ишқ”, “Дод аз дасти ақл”, “Дохунда” ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ истеъдоди хуби сарояндагӣ низ дорад.

Лутфулло Давлатов

Соли 1967 – Зодрӯзи Ҷобиршо Хубоншоев, ҳунарпеша-басаҳнагузоранда

Соли 1961 – Мавлуди Убайдулло Қурбонов, микроҷарроҳ, ҷарроҳи тармиму пластик.

Соли 1939 – Зодрӯзи собиқадори бахши маориф, корманди илмии Пажуҳишгоҳи педагогикаи ҶТ Азиз Ҳафизов.

Соли 1948 – Мавлуди ихтироъкор Абдуқаҳҳор Раҳимов.

 

Имрӯз рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон ҷашн гирифта мешавад. Мақсади он ягонагии эътиқод ва амал, кӯмак ва дастгирии мутақобила, манфиатҳои умумӣ ва расидан ба ҳадафҳои оммавӣ гуфта мешавад.


Маҳз дар ин рӯзи соли 1699 Петр I, подшоҳи Русия фармони гузариш ба солшумории нав ва интиқоли ҷашни аввали солро аз 1 сентябр ба 1 январ имзо кард. Бале! Қаблан, соли нав дар моҳи сентябр оғоз мегардид.

 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 20 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо боришоти барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º хунук, рӯзона 0-5º сард   

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 3+8º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2º, рӯзона -1+4º

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 7-9º сард, рӯзона -3+2º 

Акс аз Дидор Саъдуллоев

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш

Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард, рӯзона 6-11º сард.     

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 6-8º хунук, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.