Дирӯз, 6-уми декабр, Амиршо Миралиев, яке аз ёрони содиқ ва дар гузашта аз чеҳраҳои калидии Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба ҳайси раиси вилояти Хатлон, мушовир ва роҳбари дастгоҳи расиҷумҳур, вакили парлумон кор кардааст, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Истанбули Туркия аз олам даргузашт.

Ба қавле наздиконаш, ӯ аз бемории сутунмӯҳра ранҷ мекашид ва бо дастгириии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон чанд вақт дар беморхона “Истиқлол” табобат гирифт, аммо баъдан барои идомаи табобат ба Истанбул интиқол дода шуд.

Дар робита ба даргузашти Амиршо Миралиев, Президенти Тоҷикистон ба наздикону пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, “ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву давлатии худ ба мардум ва давлати Тоҷикистон содиқона хизмат кард”.

Шахси боэътимоди президент

Амиршо Миралиев зодаи ноҳияи Данғара ва мутаваллиди соли 1946 аст. Ӯ соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленингради Русияро хатм кардааст. Фаъолияти кориро ҳамчун мудири шуъбаи ташкилотҳои комсомолии Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара оғоз карда, баъдан дар кумитаи марказии ноҳияи Москва (Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) то ба мақоми котиби якум расид.

Гуфта мешавад, ки маҳз дар замони роҳбарии ӯ ноҳияи Ҳамадонӣ 50 ҳазор тонна пахта истеҳсол ва нақшаро барзиёд иҷро кард.

Соли 1994, баъди интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Тоҷикистон мушовири ӯ оид ба сиёсати кадрӣ таъин гардид. Ин мансаб то ба ҳол яке аз вазифаҳои пурмасъулият буда, нафароне ба он гузида мешаванд, ки эътимоди роҳбари давлатро соҳиб шудаанд.

Акс аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Амиршо Миралиев то соли 2000-ум ин масъулиятро ба зимма дошт ва дар ташаккули тими Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузошт.

Баъдан, дар интихоботи парлумонии соли 2000-ум, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) вакили парлумон интихоб шуд.

Ободии вилояти ҷангзада

Дар ин вазифа ӯ зиёд кор накард ва каме бештар аз як сол баъд, соли 2001 роҳбарии вилояти Хатлонро ба зимма гирифт.

Замоне ки Миралиев роҳбари ин вилоят таъин гардид, кишвар нав аз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ берун шуда, хисороти онро бартараф мекард. Вилояти Хатлон бошад, бештар аз ҳар минтақаи дигар аз ҷанг зарар дида буд.

Огоҳон мегӯянд, он замон қумандонҳои саҳроӣ дар вилоят зиёд буданд ва бедодгариҳо ҳам мекарданд. Вохӯриву суҳбати рӯбарӯи Амиршо Миралиев бо аҳолӣ ва қумондонҳо вазъро нисбатан дар минтақа ором ва онҳоро ба зиндагии осуда баргардонид.

Замони роҳбарӣ ӯ бо ҷуръат кори раисони шаҳру навоҳии вилоятро танқид мекард ва талаб менамуд, ки фаъолияти худро тақвият диҳанд.

Аз ҷумла, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати вилоят, соли 2006 раисони чанд навоҳии вилоятро барои ҷамъоварии нокифояи молиёт ва пахта, фаъол накардани корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сахт накуҳиш кард.

Ҳамон сол гуруҳе аз омӯзгорони ноҳияи Мӯъминобод ба унвонии Амиршо Миралиев нома навишта, аз қонуншикании раиси созмони ҲХДТ дар ин ноҳия шикоят карданд. Ӯ дар яке аз ҷаласҳои вилоятӣ ба додситонии вилоят супориш дод, ки аъмоли роҳбари созмони ҲХДТ-ро санҷанд ва ишора кард, ки “безорем аз ин хел аъзо ва раиси ҳизб”.

Ҳукумати вилояти Хатлон дар таъзияаш навиштааст, ки “натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар замони роҳбарии он кас хеле баланд шуда, барои беҳтар шудани сифати зиндагии мардум мусоидат намуданд”.


Миралиев ва расонаҳо

Воқеан, Амиршоҳ Миралиев яке аз чеҳраҳои матраҳи расонаҳо буд. Бархӯрди ӯ бо расонаҳо ҳам зиддунақиз будааст. Аз як сӯй, ӯ барои рӯзноманигорон аз камтарин мансабдорони дастрас буд, аз сӯйи дигар, барои интиқод ба зердастонаш дастур дода буд, ки фаъолияти ҳафтаномаи мустақили “Бомдод” санҷида шавад.

Он замон гуфта буд, ки омодааст бо роҳбари Дафтари САҲА, маблағгузори нашрия, масъалаи бастани онро баррасӣ кунад.

Дар баробари ин, Миралиев соли 2014 дар рӯйхати 30 шахси таъсиргузори кишвар, ки ҳафтаномаи “Азия-Плюс” омода мекард, ворид гардида буд.

Роҳбари дастгоҳ

Баъди 5 соли роҳбарӣ Амиршо Миралиев ба марказ баргашт ва соли 2006 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин шуд.

Огоҳон мегӯянд, дар замони роҳбарии ӯ ниҳодҳои зертобеи дастгоҳ нисбатан озод буд ва бархе масоили сиёсӣ ошкоро баррасӣ мешуд.

Фармони №622-и президент дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба матолиби таҳлилӣ ва танқидии расонаҳоро пешниҳоди ӯ медонанд.

Таърихи як эътироз

Баъдан, дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тарафи ҲХДТ дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайат муовини аввали раиси Парлумон интихоб гардид.

Фаъолияти парлумонии ӯ зиёд расонаӣ нашудааст ва ин шояд ба муҳити ин ниҳод вобаста бошад, ки дар бештар маврид хомӯширо авло медонад. Аммо эътирози ӯ ба намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳур дар хотири аксар рӯзноманигорон боқӣ мондааст.


Дар яке аз ҷаласаҳои парлумон, ки лоиҳаи Кодекси гумруки Тоҷикистон аз рӯзномаи ҷаласа хориҷ гардид, намояндаи вақти раиси ҷумҳур аз кори парлумон танқид кард. Амиршо Миралиев ҳамон лаҳза эътироз кард, ки чаро намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳур дар ҷараёни баррасии ин лоиҳа дар Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврали соли 2012 эрод ва интиқоди худро матраҳ накард, вале ҷиҳати бозгардонидани ин лоиҳа ба президент нома навиштааст.

“Мо ҳамаамон командаи Ҷаноби Олӣ ҳастем. Инро ҳама медонад. Ҳар он чизе, ки ҳукумат пешниҳод мекунад, дар палатаи поёнӣ дастгирӣ мешавад, аммо агар палатаи болоӣ онро ҳифз карда натавонист, пас айби палатаи мо чист?”,- гуфта буд ӯ.

Ҳамчунин, дар аксари форумҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии аврупоӣ Амиршоҳ Миралиев аз номи парлумон Тоҷикистонро муаррифӣ мекард.

Давраи бознишастагӣ

Дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд. Ва баъди ҳамагӣ ду моҳи бознишастагӣ раиси Шурои мудирони “Соҳибкорбонк” ва раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

Зимнан ӯ аз аввалин нафароне аст, ки дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар барқарсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ китоб нашр кардааст.

Ӯ то охирин лаҳзаи ҳаёташ дар вилояти Хатлон мезист ва яке аз чеҳраҳои сиёсии матраҳи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ки мансабдорони зиёде худро дастпарвари мактабаш медонанд.

Ҷасади Амиршо Миралиев имрӯз, 7-уми декабр, дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара ба хок супорида шуд. Дар ҷанозаи марҳум аъзоёни ҳукумат, мушовири раиси ҷумҳур оид ба сиёсати кадрӣ, вазирону раисони вазорату кумитаҳо, меҳмонон аз вилояти Суғд ва ВМКБ, раиси Шӯрои уламо ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои гуногун ширкат доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.