Шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат ба истиқболи Соли нави 2025 омода мешавад. Дар маркази диққат арчаи бошукӯҳи солинавӣ қарор дорад, ки дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт қомат афрохтааст.
Ин арчаи азим бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр на танҳо бо андозааш таваҷҷуҳро ҷалб мекунад, балки бо ороиши худ - чароғҳои рангоранги иллюминатсионӣ ва бозичаҳои зебои солинавӣ чашмҳоро мебарад.
Атрофи арча ба як шаҳраки афсонавии солинавӣ табдил ёфтааст. Дарвозаҳои рамзӣ бо навиштаҷоти "2025" ба меҳмонон хушомад мегӯянд. Манзараи идона бо аркҳои рангоранг, арчаҳои хурди сабз, одамчаҳои барфии табассумкунанда ва хонаи пуррамзу рози бобои барфӣ пурра мегардад.
Барои хурдсолону наврасон персонажҳои дӯстдоштаи филмҳои тасвирӣ ва чархофалакҳои рангоранг шодӣ мебахшанд.
Волидон бо дӯрбинҳои телефонӣ лаҳзаҳои хотирмонро сабт мекунанд. Ҷавонон дар назди ороишоти идона акс мебардоранд. Дар ин фазои идона калонсолон низ зиёданд ва табассуми самимӣ ба ин зебоӣ менигаранд. Агарчи ҳаво сард аст, вале фазои идона сокинону меҳмонони пойтахтро гирди ҳам ҷамъ овардааст.
Бояд гуфт, ки дар моварои соли нави 2025 дар 4 ноҳияи Душанбе арчаҳои солинавӣ ниҳода шудаанд: назди биноҳои Театри опера ва балет, Сирки давлатӣ ва Додситонии кулл.
Ёдовар мешавем, ки солҳои қабл арчаи асосии солинавии Душанбе дар майдони Дӯстӣ – канори муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешуд, чанд сол инҷониб ин арча дар майдони "Истиқлол" қомат меафрозад.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста