Абдуғаффор Абдуҷаббор, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, романи нави худ таҳти унвони “Ҷанг ва олами афғонҳо”-ро ба нашр расонид.
Ин асари бадеӣ-таърихӣ дар заминаи сафари муаллиф ба Афғонистон то зуҳури аввалини Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) эҷод шудааст.
Дар роман муаллиф рӯзгори ҷангзадаи афғонистониҳои азияткашидаро ба риштаи тасвир кашидааст ва гуфтугӯҳои ошкорояш бо генералҳои машҳури ин кишварро навиштааст.
Нависанда талош кардааст, ки сарчашмаҳои ба ин вазъ гирифтор шудани мардуми Ағонистонро ба риштаи таҳқиқ ва тасвири бадеӣ кашад.
Ин роман аз 304 саҳифа иборат буда, ба теъдоди 1000 нусха дар нашриёти “Адиб” дар Душанбе ба табъ расидааст. Муҳаррири китоб шоир ва рӯзноманигори тоҷик Салими Зарафшонфар мебошад.
Ба гуфтаи муҳаррир, ин асари саргузаштӣ “саршори саҳифаҳои ҳайратангез мебошад” ва “писанди хонандагони арҷманду нозукбин хоҳад буд”.
Абдуғаффор Абдуҷаббор хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1979) буда, ҳоло академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи бадеии ҷаҳонӣ “Новая Эра” мебошад.
Ӯ узви иттифоқҳои нависандагон (1997), рӯзноманигорон (1988), арбобони театр (1990) ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Россия (2013) аст.
Абдуғаффор Абдуҷаббор барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдуқосим Лоҳутӣ, Ассотсиатсияи публитсистони Русия, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Ба ордени «Шараф» дараҷаи II, ордени «Дӯсти халқҳо» (Русия) ва соли 2023 ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Муаллифи беш аз панҷоҳ ҳикояву повесту пейсаҳо мебошад.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста