Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбиятро оғоз мебахшанд.

Ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони дорои маъюбият, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбият, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад.

Ин маъракаи миллӣ таҳти шиори «Ҳар яки мо – тавоно!» ҷараён гирифта, зимнан таъкид мегардад, ки ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистон барои субот, муттаҳидӣ ва инкишоф саҳми арзандаи худро гузошта метавонад.

Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки ин барои дигаргуниҳои мусбат дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва сиёсат заминаи мусоид фароҳам оварда, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони дорои маъюбиятро таъмин мекунад. Маъракаи мазкур ба дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон равона шудааст.

Дар маросими расмии оғози маъракаи мазкур Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Ҳамоҳангсози доимии СММ Пратибҳа Меҳта, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока ширкат меварзанд. Пас аз маросими ифтитоҳ шахсони дорои маъюбият суханронӣ ва ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ин маъракаи нахустини шашмоҳа дар доираи «Барномаи миллии тавонбахшии шахсони дорои маъюбият барои солҳои 2017-2020» омода гардида, барои бунёди ҷомеаи фарогири иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Интизор меравад, ки аз рӯйи натоиҷи маъракаи оғозшуда ва марҳилаҳои минбаъдаи он чунин тағйирот падид меоянд:

- Дониши мардум оид ба маъюбият беҳтар гардида, тасаввуроти ғалат ислоҳ мешаванд;

- Дар зеҳни ҳамаи аъзои ҷомеа – кӯдакон, ҷавонон ва калонсолони бидуни маъюбият муносибати мусбат ба шахсони дорои маъюбият ташаккул меёбад;

- Ҷомеа мусоидат мекунад, ки боварии кӯдакони дорои маъюбият ба тавонмандии худ бештар гардида, онҳо бо фарогирии малакаҳои зарурӣ барои иштирок дар рушди худ имкон дошта бошанд;

- Муносибати манфӣ нисбат ба шахсони дорои маъюбият коҳиш меёбад ва монеаҳое бартараф карда мешаванд, ки ба саҳмгузории онҳо дар ҳаёти ҷомеа халал мерасонанд;

- Қобилияти волидайни кӯдакони дорои маъюбият инкишоф ёфта, онҳо метавонанд дар бораи нигоҳубини беҳтари фарзандони худ берун аз муассисаҳои интернатӣ тасмим бигиранд.

Дар ҳафтаю моҳҳои оянда матолиби гуногуни расонаӣ, аз ҷумла, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, филмҳои тасвирии кӯтоҳ ва ғайра, ки дар доираи ҳамин маърака таҳия шудаанд, ба доираи васеи мухотабон дар Тоҷикистон тавассути ВАО, инчунин зимни чорабиниҳо оид ба сафарбаркунии ҷомеа пешниҳод карда мешаванд.