Муин Баҷонаев – писараки 11-солаи тоҷик ҷаҳониёнро бо мижгонҳои дарозаш  мафтун кардааст. Дар бораи ин писараки беҳамтои тоҷик ҳатто  рӯзномаи “Daily Mail”-и Бритониё  навиштааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, ӯ писараки  оддиест, аммо мижгонҳои дароз ва абрӯвони аҷибаш лоиқи ворид шудан ба Китоби рекордҳои Гинесс мебошанд. Ҳоло дарозии мижгонҳои Муин  4,3 сантиметрро ташкил карда, торафт дароз мешаванд.

Муин футболро дӯст медорад
asset-a.grid.id

Худи писарак мегӯяд, ки бо доштани ин ҳама хосиятҳои зоҳирии ғайриоддӣ худро хуб ҳис мекунад, дар худ чизи зиёдатиеро намебинад ва мехоҳад, ки касе ба миҷгонҳои дарози вай аҳамият надиҳад.

“Ман ҳам мисли дигарон зиндагӣ мекунам ва мижгонҳоямро нигоҳубини махсус намекунам. Худро роҳат ҳис мекунам, бо онҳо аллакай одат кардаам”, - мегуяд вай.

Айни замон дарозии мижгонҳои Муин ба 4,5 сантиметр расида, ӯ аллакай дар Китоби рекордҳои Россия сабт шудааст, лекин барои сабт дар Китобҳои рекорди Гинннес  мижгонҳои ӯ бояд то 7 сантиметр дароз шаванд, зеро бо дарозии мижгонҳои 6,99 сантиметр Стюарт Миллер байни мардон пешсаф аст.

Миёни мардон рекорд ба амрикоӣ Стюарт Мюллер тааллуқ дорад, ки дарозии мижгонҳояш ба 6,99 см баробар аст.
imagens.mdig.com.br

Соҳиби дарозтарин мижгон дар дунё як зани чинӣ Ю Ҷансия мебошад, ки дарозии мижгонҳояш 12,4 см мебошанд.

Зани чинӣ Ю Ҷансия, ки дорои мижгонҳои дарозтарин (12,4 см) аст
i.cbc.ca

Гуфта мешавад, Муин 11-сола буда, соли 2010 хонаводааш аз Тоҷикистон  ба Маскав кӯчидаанд. Муин дар академияи “Спартак”  футболбозӣ мекунад ва мехоҳад бозингари беҳтарин шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.