Ҳукуматдорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони бекори вилоят дар минтақаҳои дигари кишвар кор пешниҳод карданд. Дар ҳамдастӣ бо ВКД Тоҷикистон ба ҷавонони бекори ВМК дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ 250 ҷойи корӣ пешниҳод шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” Назира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ хабар дод, ҳадаф аз ин иқдом мусоидат ба таъмини ҷавонони бекори вилоят бо ҷойҳои кории арзанда аст.

Ин ташаббус аз ҷониби вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов роҳандозӣ шудааст.

“Мутаассифона, дар худи вилоят таъмини ҳамаи бекорон бо ҷойҳои корӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, дар дигар минтақаҳо кор пешниҳод гардид”, - хабар дод ӯ.

Ба сокинони бекори ВМК дар навбати аввал кор дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва ВКД ба сифати посбонҳо кор пешниҳод шудааст.

“Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун 100 ҷойи кор, ҳамчунин дар воҳидҳои посбонии ВКД Тоҷикистон низ кор пешниҳод кардем. Корҷӯён бояд ҳатман хизмати ҳарбиро адо карда бошанд”, - қайд кард муовини раис вилоят.

Ғайр аз ин, ба сокинон ВМКД дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Исфара низ 100 ҷойи корӣ пешниҳод шудааст.

“Ҳамарӯза шумори зиёди сокинони вилоят ба мақомоти дахлдор бо дархости дарёфти кор муроҷиат карда, ба кор дар дигар минтақаҳо ҳам омодаанд, - мегӯяд Назира Амирбекзода. – Аллакай беш аз 90 нафар хоҳиши кор дар сохтмони нерӯгоҳи Роғунро изҳор намуданд”.

Зимнан зикр гардид, ки барои дарёфти маълумоти муфассал бобати ин масъала сокинон метавонанд ба Раёсати ВКД вилоят, дастгоҳи раиси ВМКБ ё шаҳри Хоруғ бо телефонҳои 2 43 93; 2 60 65, ё 2 03 68 муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.