Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон оид ба дастгирии ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила телефони боварӣ ва Маркази захиравӣ боз шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, яке аз самтҳои фаъолияти Маркази захиравӣ фарогирии машваратҳои равонию ҳукуқии ройгон барои занони осебпазир аз зӯроварӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар ҷомеа мебошад.

“Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва аъзоёни оилаҳое, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, метавонанд ба рақами 1313 занг зада, бо коршиносони соҳаи ҳуқуқӣ ва гендерӣ, равоншинос оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баробарҳуқуқии гендерӣ, ё ин ки бо ҳуқуқшинос, вобаста ба ҳолат, дар тамос шаванд”, - хабар медиҳад намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Дар Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ махзани маълумот барои ҷамъ намудани иттилооти пурра ва таҳлили ҳолатҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин барои осон ба даст овардани иттилоот, гирифтани омори ягона ва коркарди иттилоот дар махзани маълумот барномаи электронӣ таҳия ва  ба он пайваст гардидааст, ки муроҷиатҳо тавассути телефони боварӣ низ ворид ва қайд карда мешаванд.

“Ҷамъоварии иттилоот дар махзани маълумот иборат аст аз: ариза дар бораи ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила (нисбати занон, кӯдакон, волидон ё ки дигар хешовандон); номгӯи хизматрасониҳо (равонӣ ва ҳуқуқӣ) ва ҷамъоварии маълумоҳои оморӣ”, - хабар дода мешавад дар иттилоияи расмии намояндагӣ.

Ба махзани электронии маълумоти  коркардкардашуда оид ба таҳлили ҳолатҳои зӯроварӣ хатти интернет гузаронида шудааст, ки имкон медиҳад ки тариқи дархост дар вақти воқеӣ маълумоти мукаммалро пешниҳод намояд.

Маркази захиравӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зуроварӣ аз руйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкории шарикӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон” боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.