Дар қаҳвахонаи иҷтимоии “Дар як замин”, ки дар он наврасони бемори аутизм кор мекунанд, метавон маснӯоти болаззати қаннодӣ дарёфт кард.
Онҳо дар иттиҳодияи ҷамъиятии “Ирода” аз давраҳои омӯзишӣ гузашта, ҳамин иттиҳодия барои онҳо ҷойҳои корӣ таъсис дод.
“Аксари онҳо дар бораи хатми мактаб ё коллеҷ шаҳодатнома дошта, лекин ҳеҷ касе аз онҳо кор пайдо карда наметавонад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки махсус барои онҳо натанҳо давраҳои омӯзишии касби қаннодиро ба роҳ монем, балки ҷойҳои корӣ низ таъсис диҳем”, - мегӯяд Лола Насриддинова, роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии “Ирода”.
Наврасон дар ин ҷо дар ним баст кор карда, дар як моҳ ҳамагӣ 200 сомонӣ пул кор мекунанд. Вақти боқимондаро дар курсҳои таълимии бепул ва чорабиниҳои иттиҳдоияи “Ирода”мегузаронанд. Айни замон иттиҳодия 25 навраси бемори аутизмро дастгирӣ мекунад. Қаҳвахонаи иҷтимоӣ дар бинои мактаби №72, дар кӯчаи Мушфиқӣ, 109 воқеъ аст.
Аутизм беморие мебошад, ки вазъи равонӣ дар ҳолати дардмандӣ қарор дошта, шахс ба худ гирифтор мешавад ва мехоҳад, ки аз робита бо муҳити атроф дар канор бошад.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.