Мушкили истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ҳамеша муҳиму рӯзмарра боқӣ мемонад. “Кормандони “Азия-Плюс” тасмим гирифтанд, ки инро амалан бисанҷанд.
Нуқтаи сафар аз истгоҳи Сирк то маҳаллаи Гипрозем муқаррар шуда, яке аз такси, дигарӣ аз маршрутка ва сеюмӣ аз троллейбус истифода бурданд.
Аз санҷиш чунин натиҷаҳо ҳосил шуд: бо таксӣ – 18 сомонӣ харҷи пул ва 16 дақиқа сарфи вақт; бо маршрутка – 1,5 сомонӣ пул ва 26 дақиқа вақт; бо троллейбус – 1,2 сомонӣ пул ва 19 дақиқа вақт.
Қазоват аз худи Шумост.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.