Айни замон ширкатҳо дар мавриди дубора барқарор намудани тариф ва хизматгузориҳои пешин корҳои техникиро роҳандозӣ намуданд, хабар дода мешавад дар саҳифаи ширкати Tcell дар Facebook.
Аз ширкатҳои мобилӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки ба корҳои гузаронидани муштариён ба тарифҳои пешина оғоз карда, ин вақти зиёдеро намегирад.
“Давоми 2-3 рӯз операторон аз уҳдаи ин кор мебароянд. Шумораи муштариёни ба тарифҳои ягона гузашта хеле кам аст. Аксариятро аз 25 апрел ё охири моҳ баъди анҷоми муҳлати тарифҳои пешин гузарониданӣ буданд. Танҳо муштариёни нав ба тарифҳои ягона васл шудаанд”, - гуфт манбаъ дар яке аз ширкатҳои мобилӣ.
Бино ба гуфтаи ӯ, ба муштариён тарифҳои пешин баргардонида шуда, ба муштариёни нав ба интихоби тарифҳо имкон дода мешавад.
“Муштариён ба тарифҳои пешин баргардонида, пардохти моҳона тибқи тарифи ягона дар ҳаҷми 25 сомонӣ ба тавозуни онҳо интиқол меёбад. Пардохти моҳона бо тарифҳои пешина сурат мегирад. Агар пардохти моҳона аз 25 сомонӣ зиёд бошад, пардохти маблағи иловагӣ зарур буда, дар сурати кам будан, бақия дар тавозун боқӣ мемонад. Ҳар кадоме аз операторон ба тарзи дигар ҳам ҳисоб карда метавонад, лекин дақиқ аст, ки муштариён пулашонро талаф намедиҳанд. Муштариёни нав барои худ тарифи муносибро интихоб карда метавонанд”, - қайд кард манбаъ.
Ҳамчунин итминон дода шуд, ки бастаҳои солонаи интернети харидоришуда муддати 12 моҳ аз замони хариданашон амал хоҳанд кард.
“Онҳо амал хоҳанд кард, ҳеҷ касе ба бекор кардани онҳо ҳақ надорад, зеро бастаҳо бо пули нақд харидорӣ шудаанд”, - иброз дошт манбаъ.
Дар яке аз ширкатҳои мобилӣ ҳатто хабар доданд, ки агар муштарӣ аз бастаҳои солонаи интернет даст кашиданӣ бошад, ба баргардонидани пулаш омодаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.