Бо даъвати мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербурге ду собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз вилояти Суғд ба тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 74-умин солгарди Ғалаба ба ин шаҳр мераванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Раҳмат Қудратов хабар дод, чорабиниҳо санаи 9 май дар пойтахти шимолии Россия доир гардида, собиқадорони ҶБВ Раҳимбой Раҳматов ва Абдуҳаким Абдусаминов рӯзи 7 май ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор мешаванд.

Бино ба гуфтаи Қудратов, собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон ҳамроҳи дигар иштирокчиён савори автомашинаҳои замони ҷанг аз гузашти низомӣ мегузаранд.

Қобили зикр аст, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.