Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кумаки техникӣ мусоидат ба ислоҳоти нафақа» барои омӯзиши кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа семинари дуюмро барои кормандони (тренерон) ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба муддати чор ҳафта оғоз намуданд.
Барномаи мазкур барои таълими кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа» буда, кормандоне аз 68 адад раёсатҳои агентӣ аз ноҳияҳо ба барнома фаро мегирад. Ҳамин ҳафта 42 кормандон аз вилояҳои Суғд ва Хатлон ба дастгоҳи марказии Агентии шаҳри Душанбе ҳозир шуданд. Тақрибан 146 тренерҳои мутахассисони соҳаи мазкур дар барнома дар муддати 5-6 моҳи оянда ба курси омузиши мазкур фаро гирифта мешаванд.
Семинарҳо аз ҷониби Одиназода Назокат, Муовини якуми директори Агенти ва ҷаноби Франчесско Страниеро, Аташе ва менеҷери барномаи амалиётӣ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуданд. Дар суханронии худ, хонум Одиназода иштирокчиёнро марҳабо гуфта, аҳамияти доштани баланди дониши ҳуқуқии ва омӯзиши онҳоро дар давоми ин ҳафта таъкид намуд. Ҷаноби Страниеро изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо бо Агентӣ зиёда аз 10 сол ҳамкорӣ намуда, агентиро дар самтҳои такмили ихтисос, аз ҷумла ин семинар дастгирӣ кардааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барномаҳои мукаммали нафақа ва суғуртаи иҷтимои дар рушди минбаъдаи иқтисодиву инсонии Тоҷикистон саҳмгузор мешаванд ва ин сабаби он аст, ки Лоиҳаи маблағгузории Иттиҳоди Аврупо як қисми муҳими Барномаи дастгирии рушди инсон аст, ки дар соли 2014 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расидааст.
Семинарҳои омӯзишӣ инчунинин дар моҳи август ва сентябри соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт. Агентии мазкур тасмим гирифтаст , ки мутахассисони соҳа аз силсилаи семинарҳо таҷрибаи дурусти коркунӣ бо барномаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъини нафақаро гирифта, онро дар дигар ноҳияҳо ва вилоятҳо ҳам ҷорӣ кунанд. Коргарони ноҳиявӣ барои сабт кардани маълумотҳо оид ба коргарон ва нафақагир, маълумотҳои шахсӣ, ҳисоббарии фоидаҳои барнома, додани имтиёзҳо ва иҷозат додани пардохт барои ҳамаи иштирокчиёни барнома, масъул мебошанд.
Онҳо бояд сатҳи баланди дониш ва тахассус дошта бошанд, то ки ба саволҳои нафақахӯрон дуруст ҷавоб дода тавонанд, ва дигар масъалаҳои баҳсталабро дуруст фаҳмида, ба муроҷиаткунандагон мувофиқи қонун ва қоидаҳо ва тахассуси кормандон, натиҷаи ҳисоби маблағҳои корӣ дар давоми таҷрибаи кории кормандон ба барнома ворид кунанд, то ки муроҷиаткунандагон кӯмак ва фоидаро гирифта тавонанд.
Семинарҳои кормандон як ҳафта давом дода, аз аз ҷониби мутахассисони Агентии марказии шаҳри Душанбе, таълим дода мешаванд ва мутахассисон дар давоми ҳафта метавонанд ба саволҳо ҷавоб гиранд ва муҳокима кунанд. Ба тренерон маводи таълимӣ дастрас карда мешавд ва тренинг дар мавзӯъҳои равандҳои ҷорӣ барои ҳисоб ва пардохти кӯмакҳои иҷтимоӣ, муқаррароти системаи нафақаҳои касбӣ, таъмин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо бо кортҳои бонкӣ ва назорати пардохти нафақа, системаи ҳисобҳои инфиродӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорон, тартиб додани буҷети нафақа, қоидаҳои гузаронидани аудити субъектҳои хоҷагидорӣ ва тартиботи кодекси рафтор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар системаи суғуртаи иҷтимоӣ, пешбинӣ шудаанд.
Ин семинар қисми фаъолияти барномаи баланд бардоштани иктидори кормандон мебошад, ки бо ҳамкории Лоиҳа ва Агентӣ ба роҳ монда шудааст. Тренерон маводҳои такрорӣ ва омӯзиши минбаъда оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, меъёрӣ, буҷетӣ, ҳисобдорӣ ва аудитро дар даст доранд. Соли гузашта Лоиҳаи мазкур ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тренинги актуарӣ оғоз намуданд, ки то ин ҷониб давом дорад.
Инчунин, бо кӯшиши якҷояи байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (АСИН) ва лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо системаи нави электронии идоракунии иттилоотии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳия гардида буд ва барои интиқол додани маълумот ва иттилоотро аз усули истифодаи коғаз ва сабти электронӣ ба системаи сабти иттилоотии автоматикӣ ва системаи коркарди нав (СИИ) барои кормандон тренингҳо гузаронида шудаанд, ва айни ҳол ин барнома дар амал санҷида мешавад.
Инфиҷори нави AСИН дар ноҳияихои Варзоб ва Ҳисор санҷида шудааст, ва мумкин аст, ки дар соли оянда дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шавад. Омӯзиш барои корфармоён ва истифодабарандагони система дар асоси нақшаи пешбинигардида дар моҳҳои оянда оғоз карда мешавад.