Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хоҳишмандонро барои кор дар Арабистони Саудӣ ба ҳайси пешхидмат даъват кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, довталабон барои рафтан ба ин кишвар бояд бо корфармои ширкати “Арко” мусоҳиба анҷом диҳанд. Мусоҳиба рӯзи 27-уми феврал, соати 10:00 дар бинои ин ниҳод (бинои 108, кӯчаи Лоҳутӣ, шаҳри Душанбе) баргузор мегардад.

Аз Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷа ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар навбати аввал 50 нафар қабул карда мешаванд.

Занону мардони аз 21 то 35-сола метавонанд дар ин озмун ширкат варзанд. Донистани забони англисӣ ва арабӣ (дар сатҳи муошират), надоштани доғи судӣ шарти асосии қабул гуфта мешавад.

“Гуруҳи якуме, ки фиристода мешавад, симои Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Ба ин хотир забондонӣ, синну сол ва чеҳра ба инобат гирифта мешавад”, - гуфт намояндаи ин агентӣ.

Маош барои кормандон 2500 риёл (ҳудуди 7200 сомонӣ ё 700 доллар) пешбинӣ шудааст. Нафароне, ки қабул мешаванд, аз ҷониби корфармо бо ҷойи зист, се вақт хӯрок, сару либоси махсус таъмин мешаванд ва хароҷоти ҳуҷҷатгузорӣ низ аз ҷониби корфармост.

Довталабон метавонанд тариқи рақамҳои зерин тамос гиранд: 221-39-67, +992555551080, +992987906666, +992930934994, +992934535193, +992918888679.

Ҳамчунин аз ин ниҳод гуфтанд, Арабистони Саудӣ ваъда додааст, ки 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз рӯйи 150 навъи кор дар ин кишвар бо кор таъмин мекунад. Интиқоли муҳоҷирон марҳила ба марҳила ба ин кишвар сурат мегирад.

Бояд гуфт, Тоҷикистон баъди тазйиқу зери фишор қарор гирифтани шаҳрвандонаш дар Русия барои гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои дигар роҳ меҷӯяд. Аз ҷумла ба кишварҳои Аврупову Амрико ва ҳамакнун ба Қатар ва Арабистони Саудӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.