Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо номзадии Эдуардс Стипрайсро ба мақоми намояндаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кардааст. Ӯ аз 1-уми марти соли ҷорӣ ба ҷои Терҳи Ҳакала, ки намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро бар уҳда дорад, кори худро оғоз мекунад.

Дар ин бора сомонаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳад.

«Вазифаи намояндаи нави махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ пешбурди муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба арзишҳои муштарак, кӯмак дар тақвияти субот ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа, инчунин тақвияти демократия, волоияти қонун, идоракунии самаранок ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ мебошад» — гуфта мешавад дар баёнияи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо.

Ӯ дар марҳалаи аввал барои ду сол ба ин мансаб таъин шудааст.

Эдуардс Стипрайс, дипломати латвиягӣ буда, қаблан намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Ӯзбекистон ва Литваро роҳбарӣ мекард. Ӯ ҳамчунин сафири Латвия дар Британияи Кабир ва Фаронса кор кардааст. 

Терхи Ҳакалу аз июли 2021 намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.