Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон тайи соли охир ба андозаи 11,1% боло рафт.

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии моҳи март 1354 сомонӣ (145 доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли 2018 ба миқдори 11,1% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) дар ҷумҳурӣ айни замон 400 сомонӣ (42 доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти таваррум) дар моҳи марти соли 2019 ба андозаи 3,1% афзудааст.

Музди меҳнати аз ҳама пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва соҳаи моҳипарварӣ мегиранд, ки ба 586 сомонӣ (62 доллар) баробар аст.

Дар Тоҷикистон аз ҳама бештар ба кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта - 3247 сомонӣ (344 доллар) ва коргарони бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок - 2543 сомонӣ (270 доллар) маош пардохт мешавад.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.