Давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи умумии 21 млн. 6870 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ин нишондиҳанда 12,1% ё худ ба маблағи 2 млн. 345 ҳазор доллар бештар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, шумори давлатҳое, ки имсол ба Тоҷикистон кумаки башурдӯстона расонидаанд, кам шудааст.

Тӯли 5 моҳи соли гузашта ба Тоҷикистон аз ҷониби 46 кишвари ҷаҳон кумки башардӯстона расида, имсол шумори давлатҳо 41 ададро ташкил медиҳад.

Миёни кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ вазни қиёсии зиёдтар аз рӯи арзиш ба Русия (53,3%), Швейтсария (13,1%) ва Чин (8,2%) рост меояд.

Дар ҳамин давраи соли гузашта низ ҳиссаи аз ҳама зиёдтарро дар ҳаҷми умумии кумак ҳамин кишварҳо доштанд, лекин дар ҳаҷмҳои начандон зиёд: Русия (18,2%), Швейтсария (11,7%) ва Чин (10,9%).

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.