Зери назари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн ҷиҳати муоинаи вазъи саломатии ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷарохатхои вазнини аз сухтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сухта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад, Эдгар Бимер аз рӯи таърихи пешакӣ омӯхтаи бемории Осия Зулфонова бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.

Профессор изҳор доштааст, ки дар якҷоягӣ бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад.

Ҳамзамон Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кардааст, ки дар муоина ва табобати дигар беморони вазнини хурдсоли ин беморхона, ки ин шабу рӯз ба бемориҳои гуногуни сӯхтани бадан гирифтор шудаанд саҳми худро хоҳад гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.