Ҳамасола тақрибан 100 ҷуфти оилаҳо ба суди шариатӣ муроҷиат мекунанд, то ки ба ҳолати ҷудошавии онҳо тариқи смс-паёмак расидагӣ шавад.
Шӯрои уламои Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дархост мекунад, ки ба таҷрибаи аз ҳам пошидани оилаҳо тариқи “СМС-талоқ” хотима бахшанд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 24 июл зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли 2016 Шӯро дар мавриди ҷудошавии оилаҳо тариқи телефон ва смс муроҷиатнома нашр намуд.
“Вақте шахс баргашта, боз зани худро мебинад, шояд қарори ӯ тағйир ёбад, зеро симои шахс қобили эҳтиром буда, як ҳисси самимият ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, мо дархост намудем, ки ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштани яке аз ҳамсарон оилаҳо аз ҳам ҷудо нашаванд”, - иброз дошт Абдулқодирзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар мазҳаби ҳанафӣ кофист, ки мард нисбати ҳамсараш калимаи “талоқ”-ро ба забон орад, ҳатман се маротиба ва бо ҳамин никоҳ шикаста мешавад.
“Дар баъзе мазҳабҳои ислом ҳузури шоҳид зимни ҷудошавии оилаҳо ҳатмӣ аст, лекин дар мазҳаби мо ин тавр нест. Дар ин самт мо корҳои тарғибу фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем, то ки шумори аз ҳам пошидани оилаҳо тариқи телефону смс кам шавад”, - хабар дод ӯ.
Тибқи маълумоти Маркази исломии Тоҷикистон, ҳамасола тақрибан 100 ҷуфт оилаҳо ба суди шариатӣ муроҷиат мекунанд, то ки ба ҳолатҳои ҷудошавии онҳо тариқи смс-паёмак, ки дар он ҳамагӣ се калима - “Талоқ, талоқ, талоқ” зикр шудааст, расидагӣ шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.