Осияи шашсола аллакай нишастану бо пойҳои худ хестан метавонад, рӯзҳои вазнин аллакай паси сар шуданд.

“Ба ростӣ, рӯзҳои аввал ҳеҷ умедворие надоштем, бо чунин сатҳи сӯхтани бадан кам касон аз ин ҷо солим мебароянд. Худоро шукр, ҳамааш аллакай паси сар шуд”, - мегӯяд падари ӯ Шерзод Зулфонов.

Айни замон табибон баҳри роҳгардиро омӯхтану шифо ёфтани боқимонда захмҳои сӯхтааш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки духтарча бо ҷароҳати 60%-и захми сӯхтаи бадан якуним моҳ пеш дар бемористон бистарӣ шуд. Ӯро наврасон оташ зада, саркардаи гурӯҳ ба Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ ва ду нафари боқимонда ба мактаби махсус фиристода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.