Санаи 6 августи соли 2008 дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал қарор гирифт.
Бино ба маълумоти омории Прокуратураи генералӣ, давоми ним соли аввали соли 2019 барои риоя накардани меъёрҳои ин қонун 2 ҳазору 230 нафар волидон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб ва ҳар кадоме дар ҳаҷми 165 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ин қонуншиканиҳо асосан иборатанд аз назорат накардани ҳузури фарзандон дар дарсҳо, оворагардии онҳо, ба мактаб бо худ бурдани телефон, шабона дар марказҳои компютерӣ ба бозӣ машғул шудани ноболиғон ва ғайра иборат аст.
Ба Шумо гузаштан аз ТЕСТ-ро пешниҳод мекунем, то бисанҷед, ки то кадом андоза меъёрҳои ин қонунро медонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.