Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хабар додааст, ки бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия "як сӯҳбати тӯлонӣ ва муфиди телефонӣ" анҷом додааст.

Димитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия низ гуфтугӯи Трампу Путинро тасдиқ кардааст.

Трамп дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" навишт, ки "мо масъалаҳои Укроин, Ховари Миёна, энерҷӣ, ҳуши маснуӣ, иқтидори доллар ва дигар мавзӯъҳоро баррасӣ кардем".

"Аввалин чизе, ки мо ҳар ду ба он розӣ шудем, ин аст, ки мо мехоҳем марги миллионҳо одамонро, ки дар ҷанги Русия бо Укроин рӯй медиҳанд, боз дорем", - изҳор доштааст Трамп.

Ба гуфтаи Трамп, ӯ бо Путин ба мувофиқа расидааст, ки ҳайатҳои ду кишвар дар масъалаи Укроин "фавран музокиротро оғоз хоҳанд кард".

"Ман аз котиби давлатии Амрико Марко Рубио, раиси СИA Ҷон Рэтклифф, мушовири амнияти миллии Амрико Майкл Уолтс ва фиристодаи вижа Стив Уиткофф хостам, музокиротро раҳбарӣ кунанд ва боварӣ дорам, ки муваффақ хоҳанд буд", - гуфтаст раисҷумҳури Амрико.

Владимир Путин ва Доналд Трамп
Сурат: ТАСС

Ҳамчунин дар нигоштаи Трамп зикр мешавад, ки имкони сафари Путин ба Вашингтон ва сафари Трамп ба Маскав дар ҳоли баррасӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия хабар дод, ки Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд, ки барои мулоқоти ҳузурӣ омода шаванд.

Инчунин, Песков таъйид кард, ки Путин Трампро барои сафари расмӣ ба Маскав даъват кардааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки пас аз суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳамчунин, бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ҳам гуфтугӯ анҷом додааст. Зеленский ҳам ин сӯҳбати телефонӣ бо Трампро тасдиқ кардааст.

Дар суҳбати телефонӣ Трамп ва Зеленский як қатор мавзӯъҳои марбут ба ҷангро баррасӣ кардаанд. Аммо гуфта мешавад, мавзуъи асосии ин гуфтугӯ дар бораи мулоқоте будааст, ки рӯзи ҷумъа қарор аст таҳти раёсати Ҷей Ди Вэнс, муовини раисҷумҳури Амрико ва Марко Рубио, котиби давлати ин кишвар дар Мюнхен баргузор шавад.

Владимир Зеленский ва Доналд Трамп
Сурат: AP

Трамп изҳори умед кардааст, ки натиҷаҳои ин мулоқот мусбӣ хоҳанд буд.

"Худованд мардуми Русия ва Укроинро баракат диҳад", - навиштааст ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" .

Владимир Зеленский таъйид кардааст, ки ҳамтои амрикоияш ӯро дар бораи тафсилоти суҳбати худ бо Путин огоҳ кардааст.

"Сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Дар бораи имконияти расидан ба сулҳ. Дар бораи омодагии мо барои ҳамкорӣ дар сатҳи ҳайатҳо. Дар бораи имкониятҳои фанноварӣ, аз ҷумла, паҳподҳо ва дигар истеҳсолоти муосир. Аз раисҷумҳур Трамп барои таваҷҷӯҳ ба он чӣ ки мо метавонем бо ҳам анҷом диҳем, сипосгузорам. Мо сӯҳбати худро бо Скотт Бессент баррасӣ кардем ва омодагии барои созишномаи нав дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодро муҳокима кардем. Раисҷумҳур Трамп маро дар бораи тафсилоти сӯҳбати худ бо Путин огоҳ кард. Укройн бештар аз ҳама сулҳ мехоҳад. Мо қадамҳои муштараки худро бо Амрико барои қатъ кардани таҷовузи Русия ва таъмини сулҳи боэътимод ва давомдор муайян мекунем. Ҳамон тавре ки Трамп гуфт, "биёед ин корро анҷом диҳем". Мо дар бораи робитаҳо ва мулоқотҳои минбаъда мувофиқа кардем", - навишт Зеленский дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.