Соли гузашта (с.2024) 1,7 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия боздид кардаанд. Дар муқоиса бо соли 2023 (2,12 млн нафар) шумори сафарҳои тоҷикистониён ба ин кишвар 21% кам шудааст. Чунин маълумот дар омори Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия оварда шудааст, ки онро нашрияи РБК таҳлил кардааст.
Ба сурати умум, тавре ки манбаъ хабар медиҳад, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 шумори сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия дар соли гузашта 8,2% афзоиш ёфтааст. Дар соли 2024 хориҷиён бо ҳама гуна мақсадҳои сафар 16,7 миллион маротиба марзи Русияро убур карданд, дар ҳоле ки соли 2022 ин рақам ба 15,4 миллион баробар буд.
Соли 2024 мисли соли пешин аксарияти хориҷиён аз кишварҳои ИДМ ба Русия сафар кардаанд. Бештарин шумораи сафарҳо аз ҷониби шаҳрвандони Қазоқистон анҷом дода шудааст – шумораи сафари онҳо 7,7% афзоиш ёфта, ба 3,4 миллион расидааст. Ҳамчунин, шумори сафарҳо аз Беларус 25% бештар шудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345716/%D0%98%D0%BD%D0%BE%D1%81%D1%82%D1%80%D0%B0%D0%BD%D1%86%D1%8B.jpg)
Шумори сафарҳо аз дигар кишварҳо
Аз кишварҳои хориҷаи дур шумораи зиёди сафарҳо ба Русия ба шаҳрвандони Чин рост меояд. Соли 2024 шумораи сафари онҳо ду баробар афзоиш ёфта, ба тақрибан 1,7 миллион расид. Ин афзоиш баъд аз барқарор шудани низоми вуруди бидуни раводид барои табодули сайёҳон, ки қаблан бинобар пандемия муваққатан бекор шуда буд, сурат гирифт.
Дар соли 2024 шумори сафарҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Русия 16% коҳиш ёфтааст. ФСБ 469,2 ҳазор вурудро ба қайд гирифтааст, дар ҳоле ки дар соли 2023 ин рақам 558,1 ҳазор буд. Муовини президенти Иттиҳоди сайёҳии Русия Дмитрий Горин қаблан изҳор дошта буд, ки шаҳрвандони кишварҳои ИА асосан бо ҳадафҳои гуманитарӣ, тиҷоратӣ, таҳсил ва кор ба Русия меоянд, инчунин бисёре аз онҳо дар ин кишвар хешовандон доранд.
Дар байни кишварҳои ИА шумори зиёди сафарҳо ба Русияро шаҳрвандони Олмон анҷом додаанд. Дар соли 2024 сафари шаҳрвандони ин кишвар 17% афзуда, ба 119,5 ҳазор расидааст. Суръати афзоиши шумори сафарҳо дар байни даҳгонаи пешсаф аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бештар ба Испания рост меояд – 22% афзоиш. Инчунин, шумори сафарҳо аз Фаронса (+15%, 17,9 ҳазор), Италия (+11%, 24,2 ҳазор) ва Булғористон (+9,6%, 8,9 ҳазор) зиёд шудааст.
Дар байни кишварҳои ИА, ки бо Русия марзи заминӣ доранд, бештар аз ҳама шумораи сафарҳо аз Финландия кам шудааст – дар соли 2024 шаҳрвандони ин кишвар қариб 12 баробар камтар ба Русия сафар карданд (ҳамагӣ 5,9 ҳазор маротиба нисбат ба 69,3 ҳазор дар соли 2023). Ҳамчунин шумори сафарҳо аз Эстония то 73,6 ҳазор (-36%), Литва - 45,1 ҳазор (-3,4%), Лаҳистон - 36 ҳазор (-7,6%) ва Латвия - 67,9 ҳазор (-7,8%) коҳиш ёфтааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345716/%D0%98%D0%BD%D0%BE%D1%81%D1%82%D1%80%D0%B0%D0%BD%D0%BD%D1%8B%D0%B5%20%D1%82%D1%83%D1%80%D0%B8%D1%81%D1%82%D1%8B.jpg)
Хадамоти марзбонӣ чӣ гуна ҳисоб мекунад?
Омори Хадамоти марзбонии ФСБ танҳо шумори гузаштан аз сарҳадро дар як самт ба ҳисоб мегирад, на шумораи воқеии шаҳрвандонеро, ки ба кишвар ворид шудаанд. Яъне, агар як шахс чанд маротиба ба Русия ворид шуда бошад, ҳар дафъаи гузаштан ба қайд гирифта мешавад.
ФСБ инчунин сафарҳоро мувофиқи мақсад ҷудо мекунад: тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ, шахсӣ, таҳсил, кӯчидан ба истиқомати доимӣ, хидматрасонии нақлиёт ва хидмати ҳарбӣ.
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Дар қазияи фасодкорӣ дар Вазорати дифоъ нисбати 26 хидматчии давлатии дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Литва ба Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳ дод. Ӯ дар Тоҷикистон барои нашъаҷаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста